Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи назоратии назди Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳи оид ба масъалаи раванди таълиму тарбия ва таҷрибаомӯзӣ андешаронӣ намуд.
Дар ҷаласа Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Наргис Нурализодад , муовини ректор оид ба тарбия ва Бобоҷон Кибориён, муовини ректор оид ба иқтисод вобаста ба дастуру супоришҳои ба зиммаашон буда андешаронӣ намуданд.
Дар охир, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

