Имрӯз 4 марти соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар – сароғози ҳастии башар» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, муовинони ректор, деканони факултетҳо, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Қисми расмии чорабинӣ бо сухани табрикотии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз ёфт.
Ректори донишгоҳ зимни баромади худ нақши зан-модарро дар ташаккули ҷомеаи солим, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҳамаи бонувону модаронро ба муносибати иди фархунда самимона табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки қадршиносии зан-модар ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар идома як гурӯҳ омӯзгорону кормандони бонуи донишгоҳ барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар таълиму тарбия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
Қисми фарҳангии чорабинӣ фазои идонаро боз ҳам рангорангтар гардонид. Ҳунармандони шинохта ва ҳаваскорони донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида сохтанд.
Чорабинӣ дар фазои эҳтирому самимият ҷамъбаст гардида, бори дигар мақому манзалати баланди зан-модарро дар ҷомеа таҷассум намуд. Иштирокдорон таъкид карданд, ки арҷгузорӣ ба заҳмату муҳаббати модар рисолати ҳар фарди ҷомеа мебошад.

