
Модар барои ҳар як инсон муқаддастарин ва азизтарин шахс мебошад. Ӯро беҳуда “олиҳаи меҳр” намегӯянд, зеро тамоми ҳастияш аз муҳаббат, фидокорӣ ва самимият иборат аст. Аз лаҳзаи аввалини ба дунё омадани фарзанд, модар бо навозишу ғамхорӣ ӯро ба оғӯш гирифта, бо меҳри беандозааш парвариш мекунад.
Олами ҳасти ҳеҷ муҳаббате волотару беҳтар аз муҳаббати модар нест, ба андозае дустат медорад, бароят ҷон медиҳаду вале боз ҳам ба ивазаш чизе намехоҳад. Модар бе мислу монанд аст. Олиҳаест, ки ҳатто дар бистари марг ҳам ёди фарзанд мекунад.
Модар меҳрубонтарин инсон барои хар як шахс буда фарзанди худро бо дилсузиву бахшоишаш пуштибон аст. Модар бо меҳру муҳаббати беандоза ва навозишҳои гарму самимияш нахустин сабакҳои маънавии ахлокиро дар қалби кучаки поку беолоиши тифлакони хеш ҷой медиҳад.
Модар ту монанди офтоби, ки ҳар як лаҳзаву сония ба ҳаёти фарзандони хеш нуру сафо мебахшад. Дили модар барои фарзанд ҷовидонтарин ҷойгоҳ аст. Модар дунёи мост ва ҳар як инсони соҳибақл то лаҳзаҳои вопасини зиндагӣ дуои модарро мегирад. Дар ҳақиқат аввалин мурабби ва устоди ҳар як шахс ин модар аст.
Ҳамаи донишмандону олимон нависандагону кахрамонон дар оғуши гарму бе мислу монанди модар ба воя расида, аз ин мактаби нотакрор бахравар шудаанд. Чуноне, ки гуфтаанд:
Қадри модарро бидон, эй ҳамнишин,
Зиндагӣ бе меҳри ӯ бошад ҳазин.
Як нигоҳи гарми ӯ ганҷи ҷаҳон,
Як дуои некаш беҳ зи сад нишон.
Пас гиромӣ дор ин ганҷи гарон,
Модар аст олиҳаи меҳри ҷаҳон.
Шоира Ирматова,
докторанти PhD-и курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқ
