Дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба “Рӯзи модар” таҳти мавзуи “Мавқеи занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” дарси намунавии саромӯзгори факултет Раҳмонов Маҳмурод дар гурӯҳҳои 301-302-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор шуд.
Дар дарс устод М. Раҳмонов доир ба ҳурмату эҳтироми модарон, азизу муқаддас донистани онҳо, мавқеи зан модари тоҷик дар ҷомеаи мутамаддини тоҷик баромаду суханронӣ намуд.
Омӯзгор М. Раҳмонов дар рафти баромади хеш аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ин хусус иқтибосот оварда, ба самъи ҳозири расонид.
Дар охир устодон Шарипов С., Қурбонова Р., Зоирзода Х.С. Муродов А.А. дар ин хусус суханронӣ намуданд.
Донишҷӯён низ дар ситоиши зан-модар аз ашъори шоирони ширинкаломи тоҷик қироати шеърҳо намуданд.


