Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-март аз соли 1991 чун «Рӯзи байналмилали занон» таҷлил мегардид. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6-уми марти соли 2009 бо мақсади гиромидошти зан – модар, тарбиятгари насли наврас ва бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 8-март ҷашни «Рӯзи модар» эълон гардид. Минбаъд ҳамасола дар кишварамон ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Модар фариштае буд, бол дошт, парвоз мекард, ҳавои муаттари покро дӯст медошт. Модар чодари номус ба сар, аз рахи сарнавишт хор мечид, вале бо хорию дард тан намедод. Зиндагии модар ғарки дарёи ишку маърифат буд, насиҳат мекард, панд медод аз ногуфтаҳо мегуфт, сафои модар бӯйи райҳон дошт. Модар ҳам гул буду парвона буд паранда буд, аммо хушбутар аз гулҳо, зеботар аз парвонаҳо, хушхонтар аз булбулон аст. Воқеан, модар азизтарин ва меҳрубонтарин шахс барои ҳар яки мост.
Модар чун дарахти пурсамарест, ки фарзандони парвардааш чун меваҳои ширин ба камол мерасанд, модар хуршедест дар осмони дили фарзанд, ки бо партави чаҳонбахшу нурофариниш зиндагиро гармиву саодат ато мекард ва неруи зистан мебахшид.
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат барои фарзанд аст, новобаста аз синну сол.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳар чи дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чи дар васфи биҳишт фармуд “Қуръон”-и Карим,
Соҳиби “Қуръон” бигуфто зери пои модар аст.
Имрӯз ман дигар он тифли хурдсол нестам, ки дар оғӯши гарми модар беғамона болу пар мезадам. Акнун айёми тифлӣ гузаштаву давраи кӯдакӣ доманкашон рафта. Ҳоло ман ҷавоне ҳастам, ки қадам ба ҷодаи маърифат мегузорам ва тамоми кӯшишу заҳматҳоямро барои таҳсили илм равона месозам. Албатта, орзуи модарам аст, ки ман дар оянда соҳиби касбу ҳунар гардам ва фарзанди некному сарбаланд бошам.
Барои ободии халқу Ватан ва пешрафту тараққиёти кишвар саҳми худро гузорам. Ман бовар дорам, ки орзуи модарамро амалӣ месозам ва чун фарзанди хушиқбол ҳамеша хизмати Ватан ва волидайнро ба ҷо меорам.
Албатта барои ҳар як миллат ва ҳар як шахси бонангу номус ҳар рӯз, рӯзи модар аст. Лекин ин рӯзро махсус чунин ном ниҳоданд, ки эҳтирому арҷгузории хоссаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш, офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо бигузорем.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар яки мост. Аслан сиришти занону модарони рӯи олам аз покию зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳолию нишот ва шаҳомати хосса истиқбол мегирем. Зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу баракат ва хуррамӣ бахшад, пас модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Занон ва модарони тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқамон барои ҳастии Забон, пойдории миллат ва рушду равнақи фарҳанги миллӣ содиқона хизмат намудаанд.
Модар мафҳуми муқаддас, чун ин дунёи беоғозу беанҷом мебошад. Ӯ шахсиятест, ки ғамҳо дидаву шодиҳо додааст, нешҳо хӯрдаву нӯшҳо бахшидааст. Имрӯз модари тоҷик баҳри ободиву озодии кишвар дар ҳаққи фарзандони фарзонаи миллат дуои нек мекунад.
Дар ҷомеаи мо занон қувваи бузург ва пешбаранда буда, ҳама гуна масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо сахт алоқаманд аст. Пас мо ҳама масъулем, ки нисбати ин сарчашмаи хушкнашавандаи ҳайёт меҳрубон бошем.
Саиднеъматулло САИДҚУЛЗОДА,
омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география

