-зери ин унвон имрӯз дар Маркази илмӣ – таҳқиқотиии “Мавлоношиносӣ”-и назди ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар нишасти илмӣ-адабии мазкур директори МИТ “Мавлоношиносӣ”, н.и.ф, Маҳмадалиева М., н.и.п., дотсентон Каримова Х., Ҷалилова М. ва устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, аз ҷумла н.и.ф., дотсентон Аҳмадов С. Маҳкамова Д., Қурбонова Р., Шарипов С., Раҳмонов М. бо маърузаҳо доир ба мақоми зан дар ҷомеа, ҳаёту эҷодиёти Робиаи Балхӣ ва саҳми ӯ дар ташаккули адабиёти форс- тоҷик баромад намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар магистранти соли аввали факултети филологияи тоҷик Малоҳат Толибова ҳамчун идомабахши пайроҳаи эҷодии Робиаи Балхӣ ва занони суханвари тоҷик аз чакидаҳои хомаи хеш қироат намуд. Мизи мудаввар бо мушоираи донишҷӯён аз ашъори Робиаи Балхӣ хотима пазируфт.
Мавриди ёдоварист, ки нишасти илмӣ-адабии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили 1050-солагии бонуи суханвари тоҷик Робиаи Балхӣ сурат гирифт.

