оид ба гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва табодули академӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати гузаштани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ва иштирок дар барномаи табодули академӣ барои донишҷӯён дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин довталабонро даъват менамояд.
Барномаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии байни донишгоҳҳо амалӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва густариши таҷрибаи байналмилалии омӯзгорону донишҷӯён равона шудааст.
– донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ё хитоӣ);
-сатҳи хуби дониш ва фаъолият дар соҳаи таълим ё таҳсил;
-ҳавасмандӣ барои иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ.
Афзалият дода мешавад ба шахсоне, ки:
-малакаи хуби муошират бо забонҳои хориҷӣ доранд;
-дар фаъолиятҳои илмӣ ва таълимӣ фаъол мебошанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 30 март то 5 апрели соли 2026.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоянд.

