Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳим дошт ва дар ҷои намоён хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте ки зан худаш соҳиби маълумот аст, фарзандони он ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.
Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳимро мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд.
Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад.
Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарасти дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амали карда шуд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, қайд карданд, ки «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви он дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта бошанд ва содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.
Насимҷон Наимзода,
омӯзгори факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот
