Имрӯз дар факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди саромӯзгори кафедраи методикаи таълими технология Ҷонмаҳмадов Исфандиёр дар гурӯҳи 101- и ихтисоси технология (аз рӯйи самтҳо) аз фанни нақшакашӣ (шакли машғулият амалӣ) дар мавзуи «Тақсими давра ба ҳиссаҳои баробар» баргузор гардид.

