Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Модар
Дар оғози баҳор таҷлил гардидани Рӯзи Модар фоли нек буда, омадани ду неруи бузурги зиндагиофар – Модар ва табиатро ифода менамояд. Дар воқеъ, Зан – Модар оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар мебошад.
Ҳоло бо самимият ва эҳтиром тамоми модарону бонувони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар сидқан табрик гуфта, пеш аз ҳама, бароятон хушбахтию иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзунро орзумандам.
Ҳамасола дар фазои орому осуда ва бо шукӯҳу камоли қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувони азиз мебошад. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ нисбат ба занону бонувон таъкид доштаанд, ки: “Зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор ганҷина аст”. Ба ин маънӣ, модарону бонувон хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандон сарф менамоянд то онҳо босаводу соҳибмаърифат ва хушахлоқу боадаб ба камол расанд. Бесабаб Модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» наменоманд.
Қайд намудан зарур аст, ки анъанаи арҷгузорӣ ба асолати Зан – Модар аз ниёгони ориётабори миллати тамаддунофари тоҷик ба ворисони имрӯза мерос монда, дар даврони соҳибистиқлолии Ватан таҳти сарварии Президенти маҳбубамон идома ёфта истодааст. Дар давлатдории ниёгони ориётаборамон занон соҳиби эҳтироми хосса буда, дар вазифаю мансабҳои баланди давлатдорӣ кор мекарданд. Имрӯз бо ифтихор метавонем аз адибони адабиёти порсигӯёни олам Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва Зебуннисо ёдовар шавем.
Ҳоло мо меросбарони ниёгонамон анъанаи неки гузаштагони худро идома дода, зиёда аз 2000 занони тоҷик дар солҳои аввали барқарорсозии Ҳукумати Шуравӣ дар Тоҷикистон ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қатори мардҳо барои муҳофизати Ватан ҷонбозиҳо кардаанд, ки номи онҳо дар саҳифаҳои пурифтихори давлатдорӣ сабт шудааст.
Воқеан, занону бонувони кишвар аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нави даврони Истиқололияти Тоҷикистони азиз низ ҳифз карда меоянд ва нақши онҳо дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати навини тоҷикон бисёр арзишманд мебошад.
Тибқи маълумотҳои оморие, ки пешниҳод гардидааст, айни ҳол дар муассисаҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон 159 доктори илм, 95 профессор, 1093 номзади илм ва 700 дотсент фаъолият доранд. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бошад 285 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки 14 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 43 нафар дорои дараҷаи илмии номзади илм ва 4 нафар дорои дараҷаи илмии доктори илм буда, аксарияти онҳо соҳибмактаб ҳастанд. Ҳамчунин 2 нафар занон – омӯзгорони донишгоҳ дорои патенти ихтироъкорӣ мебошанд.
Мо ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ аз ин гуна ҳамкорон – бонувони лаёқатманд ифтихор дорем ва умедворем, ки дар оянда низ барои рушди илму навоварӣ, афзун гардидани дастовардҳо нақши сазовор мегузоранд.
Ҳамчун маркази бузурги илму тарбия донишгоҳ зиёда аз 10600 нафар духтаронро ба таҳсилот фаро гирифтааст, ки 46,1 фоизи шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди онҳо дар қатори омӯзиши фанҳои тахассусӣ, инчунин иштирокчии фаъол дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва олимпиадаҳои илмии ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар соли 2025 6 нафар духтарони донишгоҳ ба марҳалаи ҷумҳуриявии ин озмунҳо роҳ ёфта, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гаштанд.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгириву кӯмак ба донишҷӯдухтароне, ки бо амри тақдир аз падару модар бенасиб мондаанд ва ё имконияти маҳдуд доранд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва пайваста зоҳир менамояд. Айни ҳол дар донишгоҳ 9 нафар донишҷӯдухтарони ятим, 105 нафар нимятим ва 18 нафар дорои имконияти маҳдуд таҳсил менамоянд, ки барояшон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Мо пайваста шоҳид мешавем, ки занону духтарони бахши хоҷагидории донишгоҳ низ барои покизаву озода ва сарсабз нигоҳ доштани бинову атрофи муассиса содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд, ки боиси аҳсану офарин аст.
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз хотиррасон менамоям, ки Зан – Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд ва яке аз муъҷизаҳои Худованд мебошад, ки мо – мардҳо дар назди ӯ абадӣ қарздорем.
Бори дигар кулли модарону бонувони азизи кишварро ба ифтихори ҷашни хуҷастаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак!
