Имрӯз дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-088-и назди Донишгоҳи давлатии Данғара ҳимояи диссертатсияи Абдураҳмонзода Салоҳиддин, унвонҷӯи кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ дар мавзуи «Вежагиҳои ҳунарӣ ва мавзуии насри таърихии Аброр Зоҳир» доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос 6D020500 – Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик) пешбинӣ мешавад.
