Дар ҷаҳони муосир одамият бо як зумра таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки яке аз хатарноктарин ва нигаронкунандааш экстремизм ва терроризм мебошад. Ин падидаҳо на танҳо ба амнияти давлатҳо, балки ба оромию суботи ҷомеа, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва зиндагии осоиштаи мардум таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Беш аз ҳама, фарогирии ҷавонон ба чунин иқдомҳои ифротӣ боиси ташвиш ва изтироби амиқ мегардад, чункиҷавонон қувваи пешбари ҷомеа ва ояндаи ҳар як миллатмебошанд.
Имрӯз дастаҳои ифротӣ бо воситаҳои гуногун, аз ҷумла тавассути таҷҳизотҳои иттилооти замонавӣ кӯшиш мекунанд, ки аз камтаҷрибагии ҷавонон истифода карда бо таблиғоти фиреб, ваъдаҳои пуч ва таҳрифи арзишҳои динӣ ва фарҳангӣонҳоро ба доираи худ ворид созанд. Аз ин рӯ, тарбияи дуруст, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, ба хондани адабиёти классикиву замонавӣ ҷалб кардани ҷавонон яке аз воситаҳои асосии пешгирии чунин падидаҳо мебошад.
Дар давраи нави инкишофи ҷомеа яке аз муаммои муҳимми имрӯз ин таҳким бахшидан ба Истиқлолияти давлатӣ, устувор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини осоиштагиву оромӣ дар сар то сари мамлакат аст, ки чунин амалҳои бунёдкор бояд ҳадафи аввалиндараҷаи ҳар як сокини бошарафи Тоҷикистони азизамон бошад.
Ин ҳолатҳо на танҳо ба бехатарии давлатҳо, балки ба ҳаёти одамони холис ҳам хавфи ҷиддӣ эҷод менамоянд. Таҳдиди оммавӣ сабаби вайроншавии осоиши ҷомеа, талафот ва ҳисороти ҷиддии иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди чунин ҳодисаҳои номатлуб яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Хеле таассуфомез аст, ки дар шоҳроҳи амалишавии иқдоми созанда ва кафолати ояндаи шукуфоии кишварамон монеаҳои муайян мавҷуданд. Аз ҷумла, дар вазъияти имруз мубориза бар зидди чунин тундравӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба руйдоди воқеӣ бадал шудааст. Терроризм чун вабои асри XXI дар ҷаҳони муосир тамоми сайёраро ба изтироб оварда, хислати умумиҷаҳонӣ ба даст овардааст ва барои инсонят хатарҳои навро эҷод менамояд.
Яке аз сабабҳои асосии шомил шудан ҷавонон ба дастаҳои экстремистӣ ин паст будани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Баъзе ҷавонон бо сабаби надоштани ҳисси ватандустӣ, оилапарастӣ, эҳтироми волидон, саводнокии кофӣ ва аз бетаҷрибагиву сатҳи нокифояи дониш ба таъсири таблиғоти бардурӯғ гирифтор мешаванд. Ҳамчунин, қобили қайд аст, ки таъсири хеле манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба маҷозан шустани мағзи сари ҷавонон, тағйир додани ҷаҳонбинӣ ва иродаи ҳануз ноустувори онҳо сабаб мегарданд. Имрӯз як қатор гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз фазои маҷозӣ тавассути паҳн кардани маводҳои таблиғотӣ ва маълумоти таҳрифшуда ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд. Бинобар ин, баланд бардоштани савияи дониши иттилоотии ҷавонон моҳияти калон дорад.
Дар сиёсати давлатдории мамлакатамон тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ва дар ин маврид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқамон тарбия намоем, то ки онҳо ба ҳар гуна ғояҳои бегона ва ифротӣ роҳ надиҳанд». Бале, ва дар ин ҷода оила ва волидон аввалин ва муҳимтарин мактаби тарбияи башариятбуда, падару модар вазифадоранд, то фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиромгузорӣ ба Ватан, сарзамин, маҳалли зист, дуст доштани миллат ва эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои инсонироталқин ва тарбия намоянд. Агар муҳити оилавӣ солим, бомаърифат, ором, ботамкин ва назораткунанда бошад ҷавонон ба таъсири идеяҳои бегона гирифтор намешаванд.
Ҳамчунин, дар баробари оила муассисаҳои таълимӣ, марказҳои ҷавонон ва кудакон низ дар ташаккули шахсияти ҳар як фард нақши асосиро доранд. Ҳисси ватандустӣ аз давраи кудакӣ, ҳануз дар боғчаи кӯдакон тавассути бозиҳои тарбиявӣ, сурудҳои миллӣ, ҳикояҳои марбут ба Ватан, расмкашӣ ва фаъолиятҳои гурӯҳӣ парвариш ёфта,заминаиустувори муҳаббат ба Ватанро дар вуҷуди кӯдак мегузоранд. Дар ин навбат мактаб ва мактабҳои олӣниз на танҳо макони гирифтани дониш, балки пойдевори тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон, омодасозии онҳо ба хизмати содиқона ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ мебошанд. Дар ин ҷо нақши муҳими омузгорон дар баробари таълими фанҳо, ташаккул додани ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва тафаккури мустақили ҷавонон хеле калон ва ҳалкунанда аст, чунки омузгор на танҳо таълимдиҳандаи донишҳои илмӣ, балки тарбиятгари асосӣ, қутбнамо ва намунаи ибрати арзишҳои миллӣ ва шаҳрвандӣ барои насли ҷавон мебошад.
Яке аз воситаҳои пешгирии экстремизм ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мебошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии башарият аҳамияти зиёдвадар тарбияи ҷавонон нақши калидӣ доранд, чунки онҳо таҳкурсии ташаккули инсони комилу масъулиятшинос, ҳуқуқшинос ва ватандӯстро мегузоранд. Бесабаб нест, ки С.С. Алексеев андешаҳои олим ва файласуфи немис И. Кантро инкишоф дода, чунин мешуморад, ки маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ воситаи муҳими таъмини давлати ҳуқуқбунёд дар ҳаёти ҷамъият мебошад.
Нақши ҷавонон, ки қишри муҳим ва эҷодкори ҷомеа ба ҳисоб меравад дар мустаҳкамии сулҳу амният, пешгирии терроризму ифротгароӣ ва инкишофи кишвар муҳим баҳогузорӣ мегардад.
Тибқи маълумоти оморӣ бештар аз 70 фоизи аҳолиро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати ҷавонон муаррифӣ менамоянд. Аз ин ру, ҷойгоҳи ҷавонон дар тақвияти сулҳу амонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва инкишофи мамлакат хело бузург баҳогузорӣ карда мешавад.
Н. Сафарова,
омӯгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибии
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
