Дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи Абрешим», Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишкадаи тиҷорат ва омӯзгории Денави Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкориро ба имзо расонид.
Ҳадаф аз имзои ин созишномаҳо густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва табодули таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мебошад.
Ин иқдом заминаи мусоид барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам меорад.

