Бо ташаббуси шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав донишҷӯдухтарони донишгоҳ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксия баргузор шуд.
Ҳадаф аз ин иқдом арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад.

