Имрӯз бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмоишгоҳи “Зоология” ва “Ботаника”-ро дар Мавзеи таълимӣ – таҷрибавии ДДБ ба номи Носири Хусрав, барои дар амалия татбиқ намудани донишҳои назарияии омӯзгорону донишҷӯёни факултети химия ва биология мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни кушодашавии озмоишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ҷиҳати самаранок истифода бурдани ин озмоишгоҳ бо донишҷӯёну омӯзгорон маслиҳатҳои муфид доданд. Дар ин замина ректори донишгоҳ бо ҳайати профессорону омӯзгорони факултети химия ва биология суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба шароити имрӯза сохта ва ба истифода дода шудааст, ки минбаъд машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар ин мавзеъ гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони озмоишгоҳи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Хатлон лоиҳасоз” роҳандозӣ гардидааст.

