Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ
Бо камоли мамнуният Шумо ва кулли ҳамватанонро ба ифтихори ҷашни Соли нави аҷдодиамон-Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол-баҳор самимона табрик мегӯям.
Ҳикмат ва моҳияту табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба дили хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.
Шояд ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад. Аз ҳамин лиҳоз, бо ҷаҳду талошҳо ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарварони давлатҳои дигари ҳавзаи тамаддуни Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб намуда, аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд.
Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад.
Соли 2012 бошад Наврӯзи байналимилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил гардид ва беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ барои таҷлили ин ид ба пойтахти Ватани азизамон ташриф оварданд.
Бо ифтихор бояд қайд кард, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.
Дар тӯли ҳазорсолаҳои зиндагии қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла, Наврӯз гардидаанд. Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад. Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ буда, далели асосии умри тӯлонӣ доштанаш робитаи мустақими он бо табиат ва инсон, пайванди он бо суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ мебошад.
Азбаски Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст, дар ин айём табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ, эҷодкорӣ ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад. Мазраи Замин сабз гашта, марди деҳқон ба корҳои баҳорӣ оғоз мекунад, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмин намудани баракати дастурхони мардум ба замин дона мепошад.
Анъанаҳое неке, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд, аз ҷумла, тозаву озода кардани манзили зист, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳо ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ, муқаддас донистану эҳтиёт кардани табиат, поккории ҷӯйбору чашмаҳо ва тоза нигоҳ доштани дарёву обанборҳо, барои мардуми ориётабори мо суннати дерина ва бисёр муҳим мебошад.
Ҳамин аст, ки дар масири тӯлонии таърихи миллати тоҷик Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст. Яъне, агар забони тоҷикӣ ворису нигоҳдори осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Аз ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки: “Мо бояд ба хотири ҳифзи асолати худ ба ин арзишҳои бебаҳои миллиамон ҳамеша арҷ гузорем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем”.
Дар ин ҷода Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 16 декабри соли 2025 ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки бо инобати мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашнҳои миллиамон Меҳргон, Сада, Тиргон ва Наврӯз, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозида, асоси ҳувият ва асолати мо–тоҷикон мебошанд, ҷиҳати дар пойтахти кишвар–шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз** чораҷӯйӣ намоянд.
Имрӯз давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои заруриро муҳайё кардаанд, ки бо шарофату неъмати истиқлолу озодӣ ва оромиву суботи ҷомеа, ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши таърихи пурғановати миллатамон, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва таҷлили густурдаи ҷашнҳои асили миллии Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва эҳёву оммавӣ гардонидани онҳо, ҳамагон, аз ҷумла ҳайати олимону муҳаққиқону омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи мо ҳам саҳми арзанда ва пайвастаи худро гузорем.
Чуноне, ки болотар қайд кардам, дар идомаи анъанаву ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон аз оғози фасли баҳор ва айёми Наврӯз мардуми тоҷик либосҳои миллии идона пӯшида, хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худро тозаву озода мекунанд. Дар ин раванд, аҳли меҳнат ва донишҷӯёни Донишгоҳ низ бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, ҳудуд, роҳраву гулгаштҳову дарахтонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва бинову иншооти муассисаро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва дар ин ҷода бо амалҳои некиву накукорӣ ва ботину дили пок, шиори аҷдоди некномамон–пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро ҳамеша сармашқи амалҳои худ гардонем.
Ҳамаи устодону шогирдон, ҳамкасбони азизро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо зиндагии хушбахтона ва сулҳу оромию ваҳдатро дар Ватани азизамон-Тоҷикистон орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ-Соли нави аҷдодӣ муборак, ҳамватанони азиз!
