Имрӯз дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6Д.КОА-037-и назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ Наимзода Қудратулло Қаҳҳор ҳимояи рисолаи доктории худро дар мавзуи “Шавкати бухороӣ ва мақомӣ ӯ дар адабиёти форс-тоҷик”, зери мушовири илмӣ Тағаймуродов Рустам Ҳакимович, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо муваффақият дифо намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик. Равобити адабӣ) пешбинӣ мегардад.
