БОХТАР, 23.03.2026 / АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз — эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар саҳни донишгоҳ таомҳои миллии наврӯзии ҳафтсин, ҳафтшин ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
Ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз дошт, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.
«Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мешавад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд»,-иброз гардид дар чорабинӣ
