
26 марти соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд, ки дар доираи ин сафари давлатӣ маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд ва равобити дӯстона бозҳам дар сатҳи баланд таҳким хоҳад ёфт. Дар доираи ин сафар ҳамчунин вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабиниҳои дигари фарҳангӣ бахшида ба ҷашни наврӯзи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Тавре, ки маълум аст, дӯстии халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дошта, ин ду халқи ҳамсоя асрҳо дар қаламрави воҳид умр ба сар бурда, шарики ғаму шодии ҳамдигар гардидаанд. Ин анъанаи нек дар замони соҳибистиқлолии кишварҳоямон идома ёфта, муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон моҳи октябри соли 1992 аз нав барқарор гардиданд, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ 34 сол сипрарӣ мегардад. Имрӯзҳо дар ҳар ду кишвар ба муносибати барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ ва ҷашни наврӯзи байналмилаӣ чорабиниҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки онҳо дӯстиву бародарии халқҳои тоҷик ва ӯзбекро боз ҳам таҳким мебахшанд. Бояд гуфт, ки дар барқарор кардани муносибатҳои дӯстона сайъю кӯшиши ду сарвари давалат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ниҳоят бузург мебошад. Онҳо ба хотири таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳам мулоқоту вохӯриҳо доир намуда, мушкилоти ҷойдоштаро аз миён бардошта, роҳи мусолиматомези рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро омили муҳимми пешрафти ҳар ду кишвар эълон карданд ва барои амалӣ шудани онҳо иқдомҳои ватандӯстонаро пеш гирифта, барои уствор кардани дастовардҳои таърихӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуданд.
Дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон дар толори Қасри Куксарой Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд. Қайд намудан лозим аст, ки бо амр ва иҷозати Роҳбарони давлатҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 иншоот дар Тоҷикистон, аз қабили васеъ кардани хатти истеҳсоли техникаи маишии “Артел”, сохтмони клиникаи тиббӣ бо номи Шоҳ Мед (Shox Med) дар шаҳри Душанбе, таъсиси кластери нассоҷӣ, бунёди хатти муосири коркарди мева, истеҳсоли маҳлулҳои тиббӣ, оғози лоиҳаи истеҳсоли мебел ва техникаи саноатӣ дар вилояти Суғд асос гузошта шуд.Ҳамчунин, дар ин маросим Сарони давлатҳо барои ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти муштарак, аз ҷумла лоиҳаи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, истеҳсоли афшураи шарбат, “Душанбе” номгузорӣ кардани яке аз кӯчаҳои Тошканди нав, сохтмони маҷмааи муосири баландошёнаи истиқоматӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервашуда дар Ҷумҳурии Узбекистон иҷозат доданд.
Дар маҷмуъ такид намудан лозим аст, ки дар маросими маҷозӣ барои татбиқи 12 лоиҳа ва бунёди иншоот расман иҷозат дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки маблағи 7 иншооти дар Тоҷикистон бунёдшаванда 98 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи дар Узбекистон амалишаванда 63,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар, дар ҳузури Сарони давлатҳо як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ имзо гардиданд. Аз нуқтаи назари таҳлили илмӣ, имзои чунин санадҳо на танҳо қадами амалии тақвияти равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аст, балки ба рушди ҳамкориҳои стратегӣ ва густариши ҳамгироии минтақавӣ низ замина фароҳам меорад. Санадҳои нави ҳамкорӣ рамзи эътимод ва иродаи муштараки давлатҳо барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба буда, барои татбиқи барномаҳои муштараки тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илмӣ аҳамияти калидӣ доранд. Аз ин рӯ, ин рӯйдодро метавон ҳамчун намунаи амалӣ ва мусбат ба таҳкими ҳамкориҳои устувор миёни ду кишвар арзёбӣ намуд.
Нахуст, Роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ имзо гузоштанд.
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ то соли 2030 ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ ду барномаи муҳими муштарак имзо гардиданд. Ин санадҳо, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов имзо шуданд, ба таври амалӣ рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва саноатиро таъмин менамоянд. Аз нуқтаи назар, ин тадбирҳо на танҳо барои афзоиши гардиши мол ва мустаҳкам кардани муносибатҳои дуҷониба аҳамият доранд, балки барои ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти робитаҳои стратегӣ заминаи устувор фароҳам меоваранд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои ду кишвар ҳамзамон самти сиёсӣ, иқтисодӣ ва минтақавиро фаро мегиранд.
Сипас, дар ҳузури Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев санадҳои зерин ба имзо расид:
– Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027;
– Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028;
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав барои солҳои 2026-2028;
– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон;
– Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
– Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди инноватсияи назди Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон;
– Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон” аз 10 июни соли 2021;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификаткунонии пайдоиши молҳо;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешаванд;
– Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии е – пермит (e-Permit);
– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
– Созишнома байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон 24 март дар шаҳри Ҷиззах Форуми дуюми байниминтақавии “Тоҷикистон – Узбекистон” баргузор гардид, ки аз руи натиҷаи он як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ низ ба имзо расиданд.
Созишномаҳои сармоягузорӣ, шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкории имзошуда соҳаҳои коркарди саноатӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, бахши агросаноатӣ, таъминоти масолеҳи сохтмонӣ, рушди бахши хизматрасонӣ ва татбиқи рақамикунониро фаро мегиранд.
Сарони ҳарду давлат бо назардошти мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда ва имконоти мавҷудаи рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла, изҳори бовар намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба 2 миллиард доллари амрикоӣ аллакай то соли 2028 расонида мешавад.
Дар ҳақиқат, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муносибатҳои некбинонаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бо суръат идома дошта, ин иқдом дар таҳкими муносибатҳои дӯстона нақши бузург бозида истодааст. Ҳар ду Сарвари хирадманд ва дурандеш — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев кӯшиши онро доранд, ки анъанаҳои неки бародаронаро боз ҳам пойдор гардонанд ва миёни халқҳои тоҷику узбек дӯстии абадиву ҷовидонаро мустаҳкам намоянд. Ба ин хотир сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 26–27 марти соли 2026 имконият медиҳад, ки равобити дӯстона ва ҳамсоягии ду кишвар боз ҳам тақвият ёфта, дар таҳким ва муносибатҳои ҳамсоягии хуби ҳарду кишвари дӯсту бародар нақши ниҳоят бузург мегузорад.
Одилзода Исмоил Одил,
директори Маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
