Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён доир шуд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардида, дар мавзуи «Шоҳнома» – муҳофизи таъриху фарҳанги миллат» баромад намуд.
Дар идомаи суханронӣ Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия иброз намуд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки имсол озмуни “Шоҳномахонӣ” бо ибтикори Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
Гуфта шуд, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ оинаи тамомнамои таърих, орзуву омол ва ҳувияти мардуми форс-тоҷик аст, ки муҳтавои онро ғояҳои олии ватанпарварию ватандӯстӣ, инсонгароиву башардӯстӣ, паҳлавонию қаҳрамонӣ, некию накукорӣ, гиромидошти фарҳангу тамаддун, панду андарз, ишқи пок, адлу додгустарӣ ва ба монанди инҳо масъалаҳои кулливу ҷузъии дигар фаро гирифтааст. Аз ин ҷост, ки ин ҳамосаи миллии мо ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуда, ба ҳайси як шоҳкории адабиёти ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Бо дарки ин нукта метавон гуфт, ки дар сатҳи баланд ташкил намудани озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дорои аҳамияти бузурги фарҳангӣ ва маънавӣ буда, барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, таблиғи далерию ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи хираду маърифат, рушди қобилияти маънифаҳмию суханварӣ, ҷалби ҷомеа ба китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии миллатамон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад Қ. Наимзода, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи «Шоҳнома» ватан аст», М. Маҳмадалиева, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи «Шоҳнома» ва эҳёи фарҳанги миллӣ» ва М. Раҳмонов , номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи «Андешаҳои ахлоқии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» баромад намуд.

