Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои асосии тағйирёбии иқлим, омилҳо ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодиёти миллӣ», баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ оғоз гардид.
Сипас, Қодиров Анвар, доктори илмҳои техникӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, дар мавзуи: «Таҳлили сифати обҳои зеризаминӣ барои таъмини кори самараноки системаҳои геотермалии насоси гармидиҳӣ», Наимзода Бекмурод, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Арзёбии таъсири офатҳои табиӣ ба рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Зубайдов Сайдаҳмад, профессори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи «Шиология ҳамчун системаи комплексии дониш дар фаҳмиши системаи озуқаворӣ» ва Қувватов Файзиддин, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими географияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Омилҳои геоморфологӣ дар ташаккули канонҳои (оббурда)» маърӯза намуданд.
Конференсияи мазкур аз ду бахш – Табиию риёзӣ ва Бахши илмҳои ҷомеашиносӣ пешбинӣ шуда, дар он беш аз 90 мақола дар маҷмӯъа ҷой гирифтааст.

