Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Ҷаласаро Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, масъалаҳои муҳими фаъолияти таълиму тарбия ва илмро мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа масъалаи “Ҳолати феълии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултети педагогика ва варзиш аз ҷониби Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ гардид.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи “Ҳолати ҳамкории донишгоҳ бо марказҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби лоиҳаҳои инноватсионӣ ахбори Фатҳуллоев Икром, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва “Ҳолати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар магистратураи донишгоҳ гузориши Наботов Файзиддин, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик баррасӣ шуда, ҷиҳати беҳтар намудани корҳои таҳқиқоти илмӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Дар анҷом, аъзои Шурои олимон доир ба як қатор масъалаҳои ҷорӣ мубодилаи афкор намуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

