Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Масъалаҳои асосии тағйирёбии иқлим, омилҳо ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодиёти миллӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни конференсия аҳамияти баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлимро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус иқтисодиёти миллӣ таъсири ҷиддӣ расонида, таҳқиқу пешниҳоди роҳи ҳалли он аз самтҳои афзалиятноки илми муосир ба шумор меравад.
Изҳор шуд, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои табиӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ рӯз ба рӯз бештар гардида, таҳияи механизмҳои мутобиқшавӣ ва коҳиши оқибатҳои он зарур мебошад.
Зимни конференсия олимону мутахассисон дар мавзуъҳои «Таҳлили сифати обҳои зеризаминӣ барои таъмини кори самараноки системаҳои геотермалии насоси гармидиҳӣ», «Арзёбии таъсири офатҳои табиӣ ба рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шиология ҳамчун системаи комплексии дониш дар фаҳмиши системаи озуқаворӣ» ва ғайра маъруза намуданд.
Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкории илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти таҳқиқоти байнисоҳавиро барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи рушди устувори иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
