Маҳфили навбатии “Дунёи сиёсат”- и назди кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ баргузор гардид.
Сараввал роҳбари маҳфил, н.и.с,. Қурбонов Давлатбек, омӯзгорону донишҷӯёнро бо рӯзномаи ҷаласаи маҳфил шинос намуда, дар он муҳокима гардидани ду маърӯзаи илмиро аз ҷониби донишҷӯёни факултет хотиррасон намуд.
Дар рафти маърӯзаҳо вобаста ба мавзӯҳои баррасишуда, миёни донишҷӯён саволу ҷавобҳо доир гардид.
Дар анҷоми кори маҳфил омӯзгори кафедра номзади илмҳои сиёсӣ Саидзода Д.С., суханронӣ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани кори маҳфил пешниҳодҳои судманд намуданд.

