
Абулқосими Фирдавсӣ яке аз чеҳраҳои намоён ва шаҳири адабиёти форс-тоҷик мебошад, ки бо асари мондагору безаволи худ – «Шоҳнома» дар таърихи адабу фарҳанги мардуми форс-тоҷик ҷойгоҳи махсусеро ишғол менамояд.
Аз маълумоти адабиётшиносону таърихнависон бармеояд, ки замони таълифу таҳрири «Шоҳнома» ба давраи бисёр ҳассоси таърихи давлатдории мо, яъне замони парешонӣ ва сукути давлати абарқудрати Сомониён – нахустин давлати мутамаркази тоҷикон, мувофиқ меояд. Аз ин хотир, Фирдавсии бузург бо дарки амиқи ин масъала ба таълифи «Шоҳнома» иқдом намуда, ба ин васила саъй варзидааст, ки таърих ва фарҳанги ниёгони моро аз маҳву нобудӣ эмин нигоҳ дорад.
Аз ин ҷост, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оинаи тамомнамои таърих, орзуву омол ва ҳувияти мардуми форс-тоҷик буда, муҳтавои онро ғояҳои олии ватанпарварию ватандӯстӣ, инсонгароиву башардӯстӣ, паҳлавонию қаҳрамонӣ, некию накукорӣ, гиромидошти фарҳангу тамаддун, панду андарз, ишқи пок, адлу додгустарӣ ва ба монанди инҳо масъалаҳои кулливу ҷузъии дигар фаро гирифтааст.
Боиси ифтихори кулли форсизабонони олам аст, ки ин ҳамосаи миллии мо ба чандин забонҳои дунё тарҷума шуда, ба ҳайси як шоҳкории адабиёти ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Мусаллам аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ тавассути эҷоди «Шоҳнома» на танҳо илму адаб, хираду матонат ва ватандӯстии мардуми форс-тоҷикро ба арсаи олам муаррифӣ намуд, балки барои тамоми ҷомеаи башарӣ арзишҳои инсонгароиву адолатпарварӣ, таърихи қадимаи ориёиҳо ва суннатҳои давлатдории моро барои ҳамеша таъкид дошт. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки дар масири таърих «Шоҳнома» ба ҳайси як шиноснома, истиқлоли марзиву забонӣ ва ҳуҷҷати пирӯзиву асолати миллати форс-тоҷик хидмат намуда, боиси ифтихору сарфарозии имрӯзи мо гардидааст.
Айни замон, хирад ва андешаҳои инсонсози ҳаким Фирдавсӣ барои тамоми ҷомеаи башарӣ сабақи омӯзандаву ибратбахш буда, дарси ватандорию мардонагӣ медиҳад. Ин шоҳасар тамоми инсониятро ба далерӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят намуда, гиромӣ доштани Ватан, фарҳангу оин ва марзу буми аҷдодиро таблиғ менамояд, ки дар ҳама давру замон аз аҳаммият холӣ нест.
Нақлу ривоят, хирад ва ғояҳои олии «Шоҳнома» моро аз таърихи давлатдорӣ ва гузаштаи миллатамон огоҳ сохта, покию озодагӣ, ахлоқи ҳамида ва ҷонфидоии ниёгони моро дар роҳи адлу дод, озодии халқу Ватан ва ростиву растагорӣ бозгӯ менамояд.
Бо иншои «Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати як адиби покгуҳар ва достонсарои беҳамто, на танҳо ба фарҳангу адаби мо неруи тоза бахшидааст, балки ба хазинаи маънавӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ як мероси гаронбаҳо ва арзишмандеро эҳдо намудааст.
Бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон ба ҳар як хонадону оилаи Тоҷикистони азизамон эҳдо гардидани “Шоҳнома” далели гуфтаҳои боло буда, таъкид бар он менамояд, ки бояд ҳар як фарди ҷомеаи мо аз гузаштаи пурифтихори миллати худ огоҳ бошад ва баҳри ҳифзи миллату давлати азизамон аз нуктаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ дарси далерию мардонагӣ ва адолату ватандӯстӣ омӯзад.
Сафарбекзода Ҳукмиддин,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсия
