Дар марҳалаи нави рушди кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун як арзиши умумимиллӣ, ҳамчун як фарҳанг ва як андешаи фарогири мардумӣ фаҳмида шуда, намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, афкору ҷаҳонбиниҳо ва қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро ифода кунад. Имрӯз мо бояд маҳз ҳамин навъи фаҳмиши сулҳ ва ризоияти миллиро барои мардум ва хусусан барои насли ҷавони худ таълим дода, онро ҳамчун яке аз меҳварҳои ҳувияти миллӣ ва яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ амалӣ гардонем.
Осори арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву таърихӣ, дар тарбияи худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон аз ҷумла «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Уфуқҳои истиқлол», «Забони миллат –ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб доранд.
«Чеҳраҳои мондагор» дар асоси осори илмию таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, арзиши беандозаи илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Китоби мазкур дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия гардида, дар бораи ҳаёту фаъолият ва хизматҳои пурарзиши 25 нафар чеҳраҳои мондагор барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд.
Бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми асари безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» дар таҳрири нав нашр гардид. Дар нашри нави китоби «Чеҳраҳои мондагор» зиндагиву осори шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқи тоҷик, аз қабили Деваштич, Сайфуддини Исфарангӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва Шамсиддини Шоҳин илова гардида, ба баъзе мақолаҳои дигар низ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудааст.
Дар сарсухани китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳиммияти таълифи ин китоб қайд менамояд, ки «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ, ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам.
Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон боз ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».
Аз мутолиаи китоби мазкур ҳар як шахс доир ба рӯзгору осори шахсиятҳои шинохтаи таърихию фарҳангии халқи тоҷик маълумотҳои пурқиматро дастрас карда метавонад. Сарвари давлат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон рӯ оварда, ба насли ҷавон зарурати донистани гузаштаи худ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги худро талқин менамоянд.
Тавре аз ҷониби худи муаллиф зикр мегардад, мутолиаи ин асар барои дар қалби ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ мусоидат намуда, ба онҳо ифтихор аз таърихи пуршарафи гузаштагонро меомӯзонад.
Дар асари «Чеҳраҳои мондагор» аз ҷумла, дар бораи бунёдгузори давлатдории мутамаддин – Куруши Кабир ва корномаҳои ӯ ҳикоятҳо оварда шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик ба шумор меравад.
Ба ғайр аз маълумотҳо аз хусуси ҳаёту зиндагии шахсони таърихӣ, ба монанди Спитамен «Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол», Зардушт «Паёмбари ойини ростин «Авесто» ва бахшҳои он Таълимоти Зардушт дар бораи ҷаҳон», Исмоили Сомонӣ «Абармарди хирад ва сиёсат», инчунин доир ба ҳаёту фаъолияти намояндагони адабиёти классикӣ ва муосир – Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур маълумотҳо гирд оаварда шудаанд, ки аз таърихи пурифтихори халқамон шаҳодат медиҳад.
Дар натиҷаи мутолиаи асари мазкур ҳар як шахс бо рӯзгор ва осори шахсиятҳои номдори соҳаи илму адаб ва таърихию сиёсии халқамон шинос шуда, барои худ маълумотҳои арзишмандеро дастрас менамояд.
Сарвари давлат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон рӯ оварда, ба насли ҷавон зарурати донистани гузаштаи худ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги худро талқин менамоянд. Тавре аз ҷониби худи муаллиф зикр мегардад, мутолиаи ин асар барои дар қалби ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ мусоидат намуда, ба онҳо ифтихор аз таърихи пуршарафи гузаштагонро меомӯзонад.
Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ки ба халқҳои ҷаҳон хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм таҳдид менамояд, дарки худшиносии миллии ҳар як фард, хештаншиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, шинохти бузургони миллат ва омӯзиши ҳаёти пурифтихори онҳо нақши муҳим дорад.
Омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз асари арзишманди Пешвои миллат – «Чеҳраҳои мондагор» ба тарбияи худшиносии миллии ҷавонон, ифтихор доштан аз ватану ватандорӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Эмомалӣ НАБИЗОДА,
мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
