Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола 16-уми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, зеро маҳз дар ҳамин сана, соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳимму сарнавиштсоз шуруъ гардид.
Аз нигоҳи таърихию сиёсӣ ва баҳо додан ба ҳодисаҳои ҳамон замон маълум месозад, ки вазъи ноороми давлат, бенизомии ҳокимият, дахолати қувваҳои беруна, рафтори хиёнаткоронаи неруҳои мухолиф ва идоракунии онҳо аз берун раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятиро мушкилу номумкин гардонида буданд. Маҳз дар чунин шароит ба уҳда гирифтани идоракунии давлат ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шахсе ниёз дошт, ки ӯ воқеан дорои иродаи сиёсӣ ва қудрати фавқулодаи идоракунӣ бошад. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Бо гузашти марҳалаи муайяни таърихӣ, ки воқеияти иҷтимоию сиёсӣ комилан дигаргун гаштааст, эътирофи ҷомеа ба ташаккули арзиши нави сиёсӣ – Пешвои миллат сабаб гардид. Бояд гуфт, ки ин арзиш сохтаю сунъӣ набуда, дар умқи ҷомеа ташаккул ёфта, сипас дар чаҳорчўбаи қонун шаклбандӣ шудааст. Моҳияти дастурии он имкон дод, ки мақоми Пешвои миллат ҳамчун ниҳоди нави иҷтимоӣ пазируфта ва эътироф шавад.
Ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун арзиши муҳимми сиёсӣ нишонаи қадрдонӣ ва эътирофи ҷомеаи Тоҷикистон аз заҳмат ва хидматҳои ин шахсияти таърихист, ки тавонист раванди давлатдории моро дар садаи ХХ сифат, хусусият ва мазмуни тоза бахшида, мушкилтарин масъалаҳои давлатдории миллиро ҳал намояд ва пойдории сулҳу ваҳдатро таъмин созад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар даврони Истиқлоли давлатӣ на танҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хосси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон низ дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастанопазири Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рањмон аст. Корҳоеро, ки Пешвои миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ анҷом доданд, боис гардид, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва неруҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо чашми умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави намоянд.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком мебахшад ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам ҷовидона хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, бо боварӣ метавон гуфт, ки хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.
Мо хуб медонем, ки пешрафти назарраси ҳамаи соҳаҳои халқ, махсусан соҳаи маориф ва илми кишвар, аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба он сарчашма мегирад. Маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ боло рафта, имрӯз илму маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидии давлат эътироф гаштааст. Низоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба танзим даромада, қонуну қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.
Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи илму маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, истифодаи техника ва технология дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.
Имрӯз мо дар остонаи ин санаи муқаддас – Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон бояд як ҳақиқатро дарк кунем, ки соҳибдавлатӣ аз эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, садоқат ба Президент ва арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва устувор аст. Вазифаи мо устодон, донишҷӯён ва шаҳрвандон ин аст, ки бо меҳнат, дониш ва масъулият дар ободиву пешрафи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Рӯзи Президент аз ҷумлаи саҳифаҳои тиллоии таърихи мардуми шарафманди Тоҷикистон аст. Бо роҳбарии Пешвои миллат, халқи тоҷик роҳи субот, пешрафт ва нуру маърифатро интихоб кардааст, ки ин кафолати таҳкими Ваҳдату Истиқлол ва адолат мебошанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, Рӯзи Президентро, ки рамзи сулҳу ваҳдати миллӣ, ватану ватандорист ба тамоми устодону донишҷўён табрик гуфта, таманнои онро менамоем, ки ҷавонони боору номус, худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дучанд фаъолият намоянд, бо ҳам беҳтар таҳсил намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ тақвияту густариш бахшанд ва дар ободии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Рӯзи Президент муборак!
