Сарзамини биҳиштосо, олиму ориф ва фарҳангпарвари тоҷик аз замони куҳан то ба имрӯз шахсиятҳоеро офарид, ки бо кору пайкор, бунёдкориву созандагӣ, осори гаронбаҳои илмиву адабӣ, рафтору гуфтори намунавӣ, роҳбарии оқилонаву одилона ва ақлу фаросати воло дар саҳфаҳои таърих ва дилу дидаи одамон маъво гирифтаанд.
Вобаста ба тақвияти гуфтаҳои боло лозим ба ёдоварист, ки баъди соҳибкасб гардидану 36 соли фаъолият дар донишгоҳ бо чандин ҳамкорону ҳамкасбон ва роҳбароне кору фаъолият намудам, ки ҳар яке бо рафтору гуфтор, донишу малака, муносибат ва роҳбарию сарварӣ дар саҳфаҳои хотираам ҷойгоҳи махсус доранд. Ёд дорам, вақте соли 1989 барои кор ба донишгоҳ омадам, дар ин муҳити мактаби олӣ, ки ҳамчун шуъбаи (филиали) ИДПД ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа амал мекард, бо ҳамкорону ҳамкасбони нав рӯ ба рӯ шудам. Ҳоло ҳам ҳеҷ аз ёдам нарафтаву дар суҳбатҳои хоса аз он ёдовар мешавем, ин бо ҳам вохӯрданам бо омӯзгори ҷавони факултети математика ба вуқуъ пайваста буд.
Ман ҳамчун омӯзгори кафедраи навтаъсиси забон ва адабиёти тоҷики умумидонишгоҳӣ дар факултети математика аз фанни мазкур ба донишҷӯён дарс медодам. Пеш аз оғози дарс дар кафедра ҳини бо ҳам вохӯрдан, ки ҳамдигарро намешинохтем, он ҷавон аз ман пурсид, ки ту дар ин ҷо чи кор мекунӣ. Ман гуфтам, ки донишҷӯям. Он кас пурсид, ки дар курси чандум мехонӣ. Посух додам, ки дар курси сеюм. Чӣ хел дар курси сеюм мехонӣ, ки ман туро бори аввал мебинам. Ҳол он ки ман дар ин курс дарс мегузарам.
Ҳамин ҳазл боис гардид, ки шиносоию ҳамкории ман бо ин ҷавони кушодачеҳраву хандонлаб-Шодиев Муҳаммад оғоз гардид. Аз ин шиносоии аввалин фаҳмидем, ки ҳардуямон омӯзгори ҷавони навкорем. Аз он воқеа солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, ҳоло ҳам дар сӯҳбатҳои хоса он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, давраҳои ҷавониамонро ёдоварӣ менамоем.
Чун аз он рӯзгорон солҳои зиёде сипарӣ гардид, аз он коллективи кучаки шуъбаи қурғонтеппагии ИДПД ба номи Т.Г. Шевченко, имрӯз он ба як донишгоҳи мустақил табдил ёфтаасту шумори кормандону омӯзгоронаш ба зёда аз 600 нафар расидааст, бештари омӯзгорони ҷавони он давра ба фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ ноил гардида, дар худи донишгоҳ ва дигар муассисаҳои олию илмӣ ва дигар соҳаҳо босамар фаъолият намуда истодаанд. Яке аз онҳо қаҳрамони нигоштаҳои банда Шодиён Муҳаммад Султонзода- доктори илмҳои педагогӣ, профессор ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон (солҳои 2020-2025) маҳсуб меёбад.
Агар мо ба ҳаёту зиндагии қаҳрамони мақолаамон назар афканем, ӯ низ зодаи рустои диёри родмардон буда, давраи тифлию наврасии худро дар зодгоҳаш гузаронида, пас аз хатми мактаби миёна роҳ ба сӯи макотиби олӣ ниҳод ва соли 1982 лоиқи номи баланди донишҷӯӣ гардид. Шавқу рағбат ба илмҳои риёзӣ боис гардид, ки дар ихтисоси математика-физикаи факултети математикаи шуъбаи (филиал) қӯрғонтепагии ИДПД ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсилашро идома диҳад ва ҳамзамон хизмати ҳарбиро адо намояд. Таҳсил дар боргоҳи илм ва дар баробари ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бомуваффақият хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидан ба Муҳаммади ҷавон имкон дод, чун шахси соҳибмаълумоту дар имтиҳони зиндагӣ обутобёфта ба ҳаёти ҷомеа бо қадамҳои устувор ворид гардад.
Аз мавзую мундариҷа ва таҳлилу баррасии илмҳои ҷомеашиносӣ, педагогика ва психология маълум мешавад, ки одамон зода ва парвардаи одамонанд, яъне аз модар одам таваллуд мешавад, на шахсият. Дар баробари ин, илмҳои болозикр исбот намудаанд, ки таҷрибаи сиёсӣ, ҳаётӣ ва маданию маънавӣ ҳам модарзодӣ нестанд. Ин сифатҳои шахсӣ, ба ақидаи устод Лутфуллозода М., дар тӯли ҳаёти ҳар як шахс ба даст меояд ва унсурҳои таркибии фаъолияти ӯро ташкил медиҳанд. Дар раванди зиндагӣ шахс ба донишҳои омӯхтааш, таҷрибаи аз зиндагӣ гирифтааш ва одобу фарҳанги аҷдодию миллаташ такя намуда, ба раванди сиёсӣ, иқтисодӣ илмию фарҳангии ҷомеа ворид мегардад, ки дар натиҷа дар шахс системаи муносибатҳо ба вуҷуд меоянд, ки онҳо тавсифгари симои маънавии ӯянд.
Ба ақидаи психологҳо дар рушду камоли шахсият се тавсиф муайян гардидааст, ки онҳо дар баробари тарбия ба рушду ташаккули онҳо муоидат менамоянд. Устувории хусусият, томият ва фаъолияти шахс сифатҳоянд, ки дар шинохти шахс муҳим аст.
Чун дар мақола сухан аз шахсият ва ташаккули сифатҳои он рафт, қаҳрамони мавриди назари мо дорои ҳамин сифатҳост, ки дар давраи ҳамкориҳо ба назар расиданд. Шароити маъмули зиндагӣ, каму кости рӯзгор, имкониятҳои иқтисодӣ, вазъи оилавӣ ва муҳит тақозо намуд, ки дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳу равиши ҳаёти минбаъдаи хешро муайян намояд. Дониши тахассусии аз устодони серталабу донишмандаш, ба мисоли Имомназаров С. , Қурбонов И. Сафаров Ҷ. ва сабақҳои аз рӯзгор гирифтааш тақозо намуд, ки пас аз хатм институт бо роҳхати Вазорати маориф дар кафедраи геометрия ва усули математика ба сифати омӯзгор фаъолият намояд.
Дар солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи хароби иқтисодӣ на ҳар як омӯзгор хоҳиши дар соҳаи маориф фаъолият карданро дошт. Бо вуҷуди ин қадар душвориҳо ӯ аз фаъолияти омӯзгорӣ даст накашид. Ҳамин устувории шахсӣ дар ҷодаи омӯзгорӣ ва дилбастагӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боис гардид, ки соли 1994 бо мақсади такмили дониш ва идомаи корҳо илмӣ дар кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили функсионалии ДМТ ба ҳайси коромӯз шомил гардид. Баъд аз коромӯзии яксола ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дохил шуда, таълифи рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Ҷудошавандагии операторҳои Штурм-Лиувил ва Шрёдингер дар фазои векторфунксияҳои бо вазнинтегронидашаванда” зери роҳбарии олими шинохтаи кишвар ва берун аз он, доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики Академияи илмҳои ҶТ Камолиддин Бойматов идома дода, онро 24.11.2000-ум бомуваффақияи ҳимоя намуда, ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физика-математика шарафёб гардид. Шавқу рағбати беандоза ба таҳқиқи корҳои илмӣ-методӣ, соҳиб гардидан ба дараҷаи номзади илм, ворид гардидани навгониҳо дар соҳаи маориф, пешрафти илм, тағйири низоми таълим дар МТОК, истифодаи усулҳои фаъоли омӯзиш боиси он гардид, ки масъалаи тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърихи бисёрсоҳаи халқи тоҷик дар заминаи ақидаҳои педагогии олимони асримиёнагии форсу тоҷикро мавзӯи рисолаи докторӣ интихоб намояд.
Ҳамин қадами устувор дар ҷодаи илм буд, ки солҳои 2013-2016 натиҷаи корҳои таҳқиқнамудаашр ҷамъбаст намуда, онро барои ҳимоя пешниҳод намуд. 27-уми апрели соли 2016 дар мавзуи “Тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърих ва методикаи таълими математика дар партави ғояҳои донишмандони асримиёнагии форсу тоҷик” таҳти мушовирии доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод аз рӯйи ихтисоси 13.00.02-методикаи таълими математика рисолаи докторӣ дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ шарафёб гардид ва аз соли 2017 ба ҳайси профессори кафедраи методикаи таълими математика пазируфта шуд.
Заҳматҳои илмию методӣ ва таҳқиқотии прфессор Шодиён М.С. дар панҷ китоби дарсӣ, бист дастурҳои таълимию методӣ ва дар зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ инъикос ёфтаанд.
Агар мо ба фаъолияти меҳнатии Шодиён М.С. назар афканем, эҳсос мекунем, ки мақоли пандомези халқ “дарахт дар як ҷо месабзад” дар ҳаёти ӯ ҷомаи амал пӯшидааст. Мавсуф аз зинаи омӯзгорӣ (аз соли 1989), декани факултети математика (2005), директори маркази компютерӣ (2008), ноиби ректор оид ба иқтисод (2008), директори маркази таҳсилоти ғоибона (2009-2012) то ба дараҷаи ректори донишгоҳ (2012-2020) фаъолияти пурсамар намуд, ки ин аз сифатҳои кордонию корбарии ӯ дарак медиҳад.
Зиндаги ва кору пайкори ибратбахш гувоҳи онанд, ки ӯ ҳамаи вазифаҳои бар дӯш доштаашро софдилонаю оқилона ба иҷро расонид, то раванди таълиму тарбия, ободкорию созандагиро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монад.
Аз рӯзҳои аввали ба вазифаи ректори донишгоҳ фаъолият намудан таҷрибаи беш аз бистсола ва дуои неки устодону ҳамкоронашро сармашқи фаъолияти хеш қарор дод.
Ҳамчун мутахассиси дар донишгоҳ ба воя расида, пеш аз ҳама низоми кору корбарӣ, татбиқи навгониҳои соҳаи маориф, самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, беҳ намудани ҳифзи иҷтимоии кормандон, таҷдиди назар намудани озмоишгоҳҳо, амали намудани ҳукумати электронӣ, пурқуват намудани пойгоҳи илмӣ ва ғайра ҳадафҳои судманде буданд, ки дар меҳвари асосии фаъолияти роҳбарии эшон қарор доштанд. Дар баробари иҷрои ин корҳо фаъолияти судманди Шодиён М.С. ин ободкорию бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди биноҳои нави таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, аз навсозии биноҳои таълимӣ ва фарҳангӣ фаъолияти гуногунҷабҳаи ӯро ташкил медиҳад.
Ҳамин амалҳои неку созанда ва бунёдкорона буд, ки соли 2016 бинои нави факултети таърих ва ҳуқуқ, соли 2017 бинои нави факултети педагогика ва варзиш бо иштироки Сарвазири ҷумҳури Қоҳир Расулзода ва дигар шасони расмӣ ифтитоҳ гардид. Пас аз ин лоиҳаи бунёди бинои китобхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуд, ки он айни замон бо ҳамаи шароитҳо мавриди истифода қарор дорад.
Дар урфият мегӯянд, ки сарвару роҳбари воқеӣ аз модар таваллуд намешаванд, балки дар ҷомеа ба камол мерасад, ки барои ин гуна ашхос таҷрибаи рӯзгор, панду ҳикмат, муҳит ва вазъи ҷомеа, равандҳои гуногун дар ҳаёти кишвар, муносибати шаҳрвандон ва тарзи зиндагии мардум мактаби бузурги тарбия мегардад. Ин мактаби бузурги тарбия имкон дод, ки дар зери роҳбарии ӯ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар сафи муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷой гирад ва ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар густариш ёбанд.
Роҳбарии оқилона ва фаъолияти густурдаи Шодиён М.С. буд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ва доираи сафари корӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23.03.2019 дар донишгоҳ бинои навбунёди факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва ҳамчунин дар қисмати кӯчаи Дӯстии Халқҳо маҷмааи варзишӣ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода шуд, ки дар ин чорабиниҳо Сарвари давлат суханронӣ намуда, ба фаъолияти 40 солаи донишгоҳ баҳои арзанда додаанд.
Ҷомеаи инсонӣ ба камолот ва инкишофи тамоми паҳлуҳои инсон таъсир мерасонад. Ҳамин фаъолияти пурсамари ҳаштсолаи ректории донишгоҳ имкон дод, ки Муҳаммад Шодиён худро ҳамчун шахси содиқи халқу миллат, пешоҳанги амаликунандаи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.
Сарвари оқилу дурандеш ва фарҳангпарвари миллати сарбаланди мо Эмомалӣ Раҳмон барҳақ чандин маротиба дар суҳбату вохӯрӣ ва сафарҳои корӣ таъкид менамоянд, ки “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷомеаи навини мо ба инсонҳои дорои хислату ҷаҳонбинӣ ва мафкураи нав ниёзманд аст. Мазмуну моҳияти ин мафкураи навро бояд ҳисси ифтихори миллӣ, давлатдорӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, умуман маҷмуи арзишҳои миллию умумибашарӣ ташкил диҳанд”. Агар мо ба фаъолияти густурдаи Шодиён М. амиқтар назар афканем, он сифатҳое, ки дар гуфтаҳои Роҳбари олии кишвар ифода ёфтаанд, дар ӯ таҷассум ёфтаанд. Шодиён М. дар давраи ректории хеш дар даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (солҳои 2015-2020) аз ҳавзаи интихоботии Заргар №16 вакил интихоб гардид ва дар ин давра дар қабули қонун ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон саҳми назаррас гузошт. Таҷрибаи роҳбарӣ, донишҳои ҳаматарафаи тахассусӣ ва сиёсии дар ин давра ба даст овардааш боис гардид, ки дар маъракаи интихоботии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2020) иштирок намояд ва 1-уми марти соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил интихоб гардад. Боиси хурсандист, ки Шодиён М.С. 3.01.2025 дар Маҷлиси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд ва дар интихоботи рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузоргардида, бо гирифтани бештари овозҳо мандати вакилиро ба даст овард.
Ин дафъа низ Шодиён М.С. баҳри амалигардии шиорҳои ҲХДТ таҳти унвони “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум” ва “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” бо донишу малака ва таҷрибаи ба дастовардааш дар қабул ва муҳокимаи қонунҳои муҳиме, ки дар рушди иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамоянд, то рӯзи вопасин саҳми арзандаву шоиста гузошт.
Яке аз арзишҳои беҳтарини миллии халқи тоҷик ин оила, оиладорӣ ва ё худ хонавода ба шумор меравад. Бартарии оиладории халқи тоҷик аз дигар халқу миллатҳо дар он аст, ки он нисбатан пояндаву устувор аст. Барои ҳамин, мақсаду мароми зиндагии зану мард дар оиладорӣ ин фарзанд, давом додани авлод, яъне насл аст. Фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар, давомдиҳандаи насл ва номбардори волидайн аст. Муҳити оила дар тарбияи фарзанд, албатта бетаъсир намемонад.
Маърифати баланди оиладорӣ ба сарвари хонадон Шодиён М.С. имкон додаанд, ки ҳамаи фарзандонашро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, хислатҳои неки инсонӣ, некию накӯкорӣ ва дур будан аз бадию бадкирдорӣ тарбия намуда, онҳоро ба илму донишомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят намудааст. Ҳамин маърифати накӯи хонаодагӣ буд, ки ҳамаи фарзандон соҳибмаълумот буда, дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Фаъолияти босамари Шодиён М.С. бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла медалҳои “Барои хизмати шоёни ҳарбӣ” (1986), “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011), “Хизмати шоиста” (2023) ва нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2003), “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (2019), “Ифтихорномаи Рёсати ҲХДТ”, “Ифтихорномаи МН МО ҶТ” қадршиносӣ гардидааст.
Ин меҳрномае, ки рӯйи коғаз омадаанд, аз самими меҳру садоқат ба ҳаёту фаъолияти рафиқи мушфиқу ҳамкор, ба омӯзгор, олим, вакил ва ду даъват (2020-2025, 2025-2030) намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шодиён Муҳаммад Султонзода бахшида шуда, ба 60-умин солгарди эшон эҳдо гардида буд. Сад афсусу сад дареғо, ки ин меҳрнома дар маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба шастумин солгарди ин марди накӯном рӯйи чоп меомад, вале марги нобаҳангом имкон надод, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш амалӣ гардад.
Дар ҳамин ҷо нигоштаҳои хешро бо сӯгвории Сафармад Аҳмадов, ки нисбати даргузашти инсони фозил ва ҷавонмарди комил Шодиён М.С. аз номи ҳамаи дӯстону рафиқон ва кормандон эҷод гардидааст, ба итмом расонам.
Рафтӣ, номат чу накӯкор ба ҷо хоҳад буд,
Масканат гӯри пур аз нуру зиё хоҳад буд.
Он ҳама даст, ки дар домони ту мепечид,
Ба сари турбати ту дасти дуо хоҳад буд.
Шодиён, шодравон гаштаӣ, афсӯс, вале,
Чи касе воқифи асрори Худо хоҳад буд?
Шод бод руҳат, эй марди накӯномтарин,
Дари Фирдавс ба дидори ту во хоҳад буд.
Ниёзӣ Акбар,
дотсенти кафедраи МТИ-и ДДБ ба номи Носири Хусрав
