(Ба ифтихори 70 солагии профессор Ҳоҷибеков Элбон)
Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки вазифаи асосии соҳаи маориф мутобиқ гардонидани сатҳу сифати таҳсилот ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос аст, ки ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат бошанд.
Рушди минбаъдаи кишвари мо аз тарбия ва ташаккули инсони комил – шахсияти дорои ахлоқи баланд, ҷаҳонбинии ғании маънавӣ, фикру ҷисми солим, ватандӯсту худогоҳ, қонуншиносу меҳнатдӯст, зебопарасту сарфакор, сабур ва таҳаммулпазир, масъулиятшинос, фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст.
Таърих оинаест, ки симо ва фаъолияти шахсиятҳои барҷастаро бо тамоми ҳастӣ ва талошҳояшон дар роҳи тарбияи насли ояндасоз ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ба мо намоён месозад. Сарнавишти миллати тоҷик дар тули асрҳо чун дигар халқҳои ҷаҳон печида ва пуршебу фароз буда, тоҷикон ҳамеша бо кору пайкор, созандагиву бунёдкорӣ ва заковати фарзандони фарзонаашон дар арсаҳои илм, адабиёт ва сиёсат таърихи худро ғанӣ ва пурҷилва офаридаанд.
Илми таърихнигории тоҷик чеҳраҳои тобону дурахшонеро дорост, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи саҳифаҳои мубрами таърихи миллат мавқеъ ва ҷойгоҳи меҳвариро ишғол менамоянд. Имрӯз дар раванди эъмори давлатдории миллӣ ва ҷомеаи мутамаддин муҳаққиқоне бештар ба ҷомеа зарур мебошанд, ки дар меҳвари доираи илмӣ-таҳқиқотиашон манфиатҳои миллӣ қарор дошта бошад. Махсусан, ин хусусият бояд бештар насиби муаррихону таърихнигорон бошад. Омӯзиши таърих ҳам яке аз воситаҳои асосии ҳифзи манофеи миллӣ дар ҳама доираҳо маҳсуб меёбад. Ҳар муҳаққиқи таърихшиносу таърихнигорро зарур аст, ки принсипи асосии фаъолияти илмиашро дарку фаҳмиши васеи манофеи миллӣ фарогир бошад. Ҷомеаи нав то он даврае, ки хотираи мустаҳками таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, аз худ накунад, аз хираду истеъдоди фавқулоддаи ниёкон баҳарманд нашавад, дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳо ноил гашта наметавонад.
Дар ҳама давру замон рисолати муаррих қабл аз ҳама таҳқиқу пажуҳиши саҳифаҳои мубрами таърихи халқи хеш маҳсуб меёбад. Тафовути муаррихони асил дар он зоҳир мегардад, ки бо осори хеш дар ташаккул ва рушди мафкураи миллӣ бештар саҳмгузоранд. Таърих ягона илми хештаншиносӣ ва воситаи баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа маҳсуб меёбад. Муаррихон бо пажӯҳишу омӯзиши таърихи ниёкон ягона собиткунандаҳои аслияти миллату халқият ба шумор мераванд.
Таърихнигори асил метавонад аз ҳама бештар дар раванди бунёди давлатдории миллӣ бо нақши худ саҳмгузор бошад. Ин нақши таърихнигор анҷоми рисолати касбиаш мебошад, ки он дар шарҳу тавзеҳи дурусти тамоми бурду бохти ниёкон ба ҷомеа зоҳир мегардад.
Дар саҳифаҳои таърих ҳамеша ҷойи хоса насиби он шахсиятҳое мегардад, ки бо неру ва садоқати комил дар тарбияи насли ҷавони миллат заҳмат кашида, барои пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Чунин шахсиятҳо маҳз бо муҳаббат ба касбу кори худ, эҳсоси баланди масъулият ва фидокорӣ дар роҳи ободии Ватан шинохта мешаванд.
Ба қатори чунин шахсиятҳои ватанпарвару маърифатпарвар профессор, доктори илми таърих Ҳоҷибеков Элбон низ шомил мешавад. Ӯ бахши аъзами умри пурбаракати худро ба илм, таълим ва тарбияи насли наврасу ҷавони миллат бахшидааст.
Муаллим, омӯзгор – вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас аст. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш фарҳангу адаб ва пе
швою оинаи миллат таҷассум меёбад.
Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Тавре гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳи одамон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Дар саҳнаи илму маориф шахсиятҳое кам нестанд, ки чароғи маърифатро фурӯзон медоранд. Устод Ҳоҷибеков Элбон низ ҳамчун як устоди нуктасанҷ ва пухтакор на танҳо шогирдонро бо таърихи пурғановати миллат ошно месозад, балки онҳоро ба ҷустуҷӯ ва таҳқиқи ҳақиқат раҳнамун мекунад.
Ҳоҷибеков Элбон 12 августи соли 1955 дар шаҳраки Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи муаллим таваллуд ёфтааст. Падарашон Назармаҳмадов Ҳоҷибек муаллими мактаби миёнаи №12 ва модарашон Соқибекова Шакархотун муаллимаи мактаби миёнаи №11 шаҳраки номбурда буданд. Вай бо меҳру муҳаббат, бо самимият ва бо ҳидояти хирадмандона на танҳо ба шогирдон илму дониш меомӯзонад, балки дар қалби шогирдон ва ҳамкорон, эҳтирому садоқати бепоёнро бедор месозад.
Шавқи донишомӯзӣ аз хурдсоли дар вуҷудаш буд. Ҳанӯз дар синни камсолӣ ӯ аз хондани китобҳо завқ мебурд ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки дар мактаб пешсаф бошад. Муҳаббати нахустинаш ба таърих ва илм маҳз дар ҳамин давра шакл гирифт.
Профессор Ҳоҷибеков Элбон шахсиятест дорои мартабаи бузурги илмӣ, ҷойгоҳи волои иҷтимоӣ ва дараҷаи камоли инсонӣ. Ӯ касест, ки дар айни ифтихор бахшидан ба садҳо шогирду пайрав, худ аз фахру ғурур фарсахҳо дур аст. Ӯ дар ҳақиқат дарахтест пур аз меваи илм, ки ба дӯстдорони маърифат аз самари шаҳдбораш пайваста инъом мекунад.
Устод яке аз муаррихони донишманди ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, соҳибкитоб ва муаллифи беш аз садҳо корҳои илмӣ мебошад. Дар тарбияи насли наврас, ва омода кардани кадрҳои баландихтисос саҳми баланд гузошта истода дар таҳияи нақша ва дастуру барномаҳои таълимӣ саҳми босазо дорад.
Дар мактаби олӣ мавҷудияти кадрҳои илмӣ-педагогӣ яке аз омилҳои такондиҳандаи расидан ба ҳадафи асосӣ, яъне баланд бардоштани сифати таълим маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар шароити феълӣ дарёфт, ҷалб ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи устод мебошад. Маърӯзаҳои лексионии устод хело пурмазмун буда, барои ҷавонон ҳамчун як асар ва намунаи ибрат мебошад.
Дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогиаш устод Ҳоҷибеков Элбон 10 монографияю брошюра, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, беш аз 150 мақолаҳои илмӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ-оммавиро дар маводҳои маҷмӯаҳои илмӣ ва маҷалаҳои илмӣ чоп намудааст, ки омӯзгорон ва донишҷӯён онҳоро истифода мебаранд. Ӯ мунтазам дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунад.
Устод Ҳоҷибеков Элбон дар ҳаёт шахси оромтабиату хоксор ва қаноатпешаю покахлоқ буда, бо хулқи неку покзабонияш миёни ҳампешагону шогирдон сазовори иззату эҳтиром гардидааст. Дар иҷрои вазифа масъулиятшиносу қотеъ мебошад.
Барои хизматҳои тулонӣ ва бенуқсонаш дар соҳаи маориф ва иштироки фаъол дар корҳои илмию ҷамъиятӣ устод Ҳоҷибеков Элбон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, ифтихорномаҳои соҳавӣ ва раҳматномаҳо борҳо қадр карда шудааст.
Доктори илмҳои таърих, профессор Ҳоҷибеков Элбон дар байни омӯзгорону донишандӯзони фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ дар донишгоҳ ба сифати олими боистеъдод, устоди маънавии омӯзгорон ва донишҷӯёни фарҳангдӯст шинохта шудааст.
Аксари мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методии ӯ, ки аслан аз таърих ва тарвиҷи фарҳангу ниёгони мо дарак медиҳад, бо мазмуни баланди илмӣ рӯи чоп омадааст.
Профессор Ҳоҷибеков Элбон ба сифати муҳаққиқи пуркору нуқтасанҷ дар баррасӣ ва пажӯҳиши дақиқи масъалаҳои мубрами илмӣ дар байни ҷавонони унвонҷӯю аспирантон оиди масъалаҳои таърихшиносиву ҷамъиятшиносӣ ва дигар корҳои фарҳангӣ, дар кори созандагӣ дар донишгоҳ собиқаи қариб нимасраи хешро бо талошу заҳматҳои зиёде сарф намудааст. Ӯ дар тули фаъолияти хеш барои омӯхтани таърихи Ватан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ барномаву дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиашро пешниҳод намудааст.
Китобҳо ва мақолаҳои устод бештар ба проблемаҳои таъриху фарҳанг ва масъалаҳои маданияту таърихи халқи тоҷик бахшида шудааст. Пеш аз ҳама хизмати профессор Ҳоҷибеков Элбон аз он иборат аст, ки ӯ ба сарчашмаҳои нодири таърихи халқи тоҷик такя карда, асарҳои баланди илмиву омавиро пешкаши хонандагон намудааст.
Бояд қайд намуд, ки доктори илми таърих, профессор Ҳоҷибеков Элбон – олимест, ки дар рушди таҳқиқоти таърихии Тоҷикистону минтақа саҳми арзанда гузоштааст.
Мақолаву китобҳои профессор Ҳоҷибеков Элбон на танҳо манбаи боэътимоди илмӣ, балки дарси ифтихор ва худшиносӣ барои насли ҷавон мебошанд. Устод бо нигоҳу таҳлили амиқи худ дар мавзуъҳои таҳқиқшуда, муносибати беғаразона ба воқеият ва арҷ гузоштан ба ҳақиқати таърихиро боло дониста, намунаи олии як олим ва муаррих ба ҳисоб меравад.
Дар баробари фаъолияти илмӣ, профессор Ҳоҷибеков Элбон ҳамчун омӯзгор ва тарбиятгари садҳо шогирдон шинохта мешавад. Шогирдони ӯ имрӯз дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар фаъолият мекунанд ва бо ифтихор номи устоди худро ёд меоранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки профессор Ҳоҷибеков Элбон дорои мактаби илмии хеш мебошад, ки дар ин мактаб шогирдонаш Саидасанов Ю., Абдураҳмонов З., Мамадсалимов Н. ва чанде дигарон рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд.
Ҳамин тариқ, профессор Ҳоҷибеков Элбон намунаи шахсияти содиқ ба миллат, фарҳанг ва илму таърих аст – устоде, ки на фақат таърихро меомӯзад, балки худаш қисми он гаштааст.
Зиндагиро аз китоби рӯзгор омӯхтам,
Ишқи меҳнатро ба авҷи касбу кор омӯхтам.
Дар ҷавонӣ хоксорӣ доштам қадри баланд,
Сархамиро аз дарахти мевадор омӯхтам.
Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадони оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Воқеан марде, ки дар зиндагӣ хушбахт мешавад, соҳиби иззату ҳурмат мегардад, соҳиби фарзандони боодобу бомаърифат аст ва ҳатман соҳиби ҳамсари хубу вафодор аст, ки дар ин бора Носири Хусрави Қубодиёнӣ мефармояд:
Вазифаи зану мард, эй ҳаким, донӣ чист?
Якест киштиву он дигарест киштибон,
Ҳамеша духтари имрӯз модари фардост,
Зи модар аст муяссар бузургии писарон.
Тавону тушаи роҳи мард чист? Ёрии зан,
Хутому сарвати зан чист? Меҳри фарзандон.
Китоби рӯзгори устод Ҳоҷибеков Элбон пур аз ҳикмату ибратҳост. Зеро устод тамоми умри худро ба омӯхтани илм сарф намудаву омӯхтаашро ба дигарон омӯхтааст.
Ҳар миллат ба фарзандони донишманд ва соҳибхирадаш ифтихор мекунад. Ин фарзандон бо кӯшишҳои пайвастаи худ на танҳо таърихи гузаштагонро омӯхта, балки барои ҷомеа равшанӣ ва дониш меоранд, ки ба рушди оянда асос мегузоранд.
Бадахшонзамин – сарзамини ҳосилхез ва бостонӣ мебошад, ки дар тули асрҳо наслҳои зиёдеро ба камол расонидааст, ки яке аз онҳо профессор Ҳоҷибеков Элбон мебошад.
Зиндагиномаи Ҳоҷибеков Элбон намунаи равшани он аст, ки бо саъю кӯшиш, содиқона кор кардан ва муҳаббат ба Ватан, метавон ба қуллаҳои баланди илм ва маориф расид. Муваффақиятҳои ӯ на танҳо барои худ, балки барои тамоми ҷомеа ва насли наврас манбаи илҳом ва ифтихор аст.
Бо камоли эҳтиром ва самимият, дар ҷашни 70-солагиаш ба устод таманно мекунем, ки ин роҳи пуршарафу илмии ӯ идома ёбад ва боз ҳам саҳмаш дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди илми таърихи кишвар зиёдтар гардад.
Халилзода Давлаталӣ Халил,
доктори илмҳои таърих, профессор, мудири
кафедраи таърихи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав
