(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

16 декабри соли ҷорӣ дар толори Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни ҷаласаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ буда, ҳамчун санади барномавӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Ҳамасола дар Паём масъалаҳои калидии сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, инчунин таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили амиқ қарор мегиранд. Ҳамзамон, Паём ҳамчун заминаи назариявӣ ва амалии таҳияи стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои муҳим хизмат намуда, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷати мазкур (СМР-2030) бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, тартиб дода шуда, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.
CMP-2030 тавассути се давраи миёнамуҳлат бояд амалӣ гардад, аз ҷумла
1. Давраи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020)
CMP-2030 дар марҳилаи мазкур ба василаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди ичтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” татбиқ мегардад.
2. Марҳилаи рушди суръатнок, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос ёфтааст (солҳои 2021-2025)
Дар ин марҳила татбиқи максималии иқтидорҳои институтсионалии модели нави рушд, ки дар ҷараёни иҷрои “Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” пешбинӣ шудааст, ба даст меояд. Якбора зиёдшавии ҳаҷми сармоягузорӣ дар бахши воқеӣ ва инфрасохтор ҳамчун заминаи асосӣ барои рушди иқтисодиёт мегардад.
3. Марҳилаи ба анчом расонидани индустриализатсияи босуръат ва ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (солҳои 2026-2030)
Дар марҳилаи мазкур барои гузариш аз стратегияи рушди саноатӣ дар асоси сармоягузориҳо ба рушди ба донишу навовариҳо асосёфта замина тайёр карда мешавад. Дар ин марҳилаи гузариш диверсификатсияи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби интенсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, болоравӣ аз рӯи занҷири арзиши иловашуда дар саноат, навкунии соҳаи иҷтимоӣ, рушди босуръати бахши молиявӣ, сайёҳӣ ва соҳаҳои хизматрасониҳои соҳибкорӣ дар мадди аввал меистанд. Дар рушди иқтисоди саҳми сармояи инсонӣ, ниҳодҳои самарабахш ва технологияҳои пешқадам зиёд мешавад. Афзоиши босуръати хароҷоти давлатӣ ва бахши хусуси барои таҳсилоти касбӣ, КИТТЛ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ таъмин мегардад. Истифодаи технологияҳои муосир, бахусус дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, телекоммуникатсия, биотехнологияҳо ва энергетикаи алтернативи вусъат дода мешавад.
Инфрасохтори самарабахши нақлиётию логистики бунёд карда шуда, сохтмони долонҳои байналмилалии транзитии нақлиётӣ ба анҷом расонида мешавад.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи амалишавии ду марҳилаи ин санади муҳимро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд».
Аз ҷумла, дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерин барои 15 соли минбаъда муайян шудаанд ва натиҷаи корҳои анҷомдода ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои мазкур дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардиданд:
– Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ
Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.
Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.
Инчунин, моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад.
– Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои
хушсифат
Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд.
Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Яъне кишоварзони мамлакат, хусусан, дар шароити номусоиди обу ҳавои соли ҷорӣ, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин карда истодаанд.
– Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ
Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.
Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.
Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон –Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.
– Саноатикунонии босуръати кишвар
Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ –саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 –2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.
Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.
Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар
андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсолимаҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.
Хулоса, соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030-ро таъмин намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.
Боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва намояндагони дигар соҳаҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” сармашқи кори худ намуда, барои татбиқи дастуру супоришҳои додашуда дучанд меҳнат карда, ба натиҷаҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил мегарданд.
Ҳамдамзода Хурсанд Акбар,
доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав
