Дар асри XXI кишварҳои ҷаҳон бо мушкилоти бузурги экологӣ рӯ ба рӯ шуда, таҳдиди амнияти обӣ ва тағйироти иқлим аз ҷумлаи муҳимтарин руйдодҳо дар самти тағирпазирои муҳит ба шумор мераванд.
Дар ин шароит, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари пешсафи минтақа дар Осиёи Миёна дониста шуда, дар пешниҳоди лоиҳаҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ пешдастиро ихтиёр намудааст.
Вобастагии кишвар ба манбаъҳои обӣ ва мавқеи географии он дар минтақаи кӯҳсори Осиёи Марказӣ барои сарварони давлат манобеи ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ дар соҳаи экология гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои охир як силсила пешниҳодҳои экологиро дар сатҳи байналмилалӣ пешкаш кардааст, ки онҳо эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст овардаанд. Барҷастатарин онҳо инҳоянд:
· Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018-2028) – ин ташаббус бо мақсади ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷаҳон ба масъалаи амнияти обӣ таҳия шуда, барои ташкили фаъолиятҳои муштараки байналмилалӣ дар ин соҳа замина фароҳам овард.
· Ташаббуси «Рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ» – ин пешниҳод барои ҳифзи экосистемаҳои ноҳияҳои кӯҳӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори онҳо аҳамияти ҷиддӣ дорад.
· Эълони соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» – ин пешниҳод оид ба масъалаи афзоиши суръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон равона шудааст.
· Таъсиси Сандӯқи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – ин пешниҳод барои ташкили кумакҳои амалӣ ба кишварҳое, ки аз обшавии пиряхҳо зарар мебинанд, пешбинӣ мешавад.
Пешниҳодҳои экологии Тоҷикистон мусоидат ба ташаккули муносибатҳои нави ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ намудаанд. Бо тавассути ин ташаббусҳо имконияти мубодилаи таҷриба ва илми байни кишварҳои минтақа фароҳам омадааст. Махсусан дар соҳаи идоракунии манбаъҳои обӣ, пешгирии хатарҳои табиӣ ва муқобила бо тағйироти иқлимӣ ин ташаббусҳо ба ҳамкории амалӣ имкон додаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст бо роҳи пешниҳоди ташаббусҳои экологии ҷаҳонӣ мавқеи сиёсӣ ва дипломатии худро дар ҷаҳон устувор намояд. Ин пешниҳодҳо барои ҳалли мушкилоти мушаххаси глобалӣ дида шудаанд ва аз ҷониби СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ мешаванд. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто кишварҳои хурд аз рӯи масоҳат метавонанд дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нақши муҳим бозӣ кунанд ва ба таҳкими сулҳ ва рушди устувор дар саросари ҷаҳон мусоидат намояд.
М. Саидова,
саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав
