Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз самтҳои муҳимми он, ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки он барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 23 декабри 2022 баргузор гардид, таъкид намудаанд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Дар ин асос, соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст, ки самтҳои асосии фаъолияти Маркази мазкур ҳамчун сохтори навтаъсис, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Албатта марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ аз технологияҳои рақамӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат на танҳо афзудааст, балки қисман ба яке аз асосҳои рушд табдил ёфтааст.
Дар ҷаҳони муосир иттилоотикунонии ҷомеа бо суръати хеле баланд идома дошта, дастрасии ғайриқонунӣ ба захираҳои иттилоотие, ки дар хотираи компютер нигоҳ дошта мешаванд, як таҳдиди воқеӣ ба амнияти шахс, ҷомеа, давлат ва манфиатҳои қонунии онҳо, ифода мегардад. Бояд хотиррасон намуд, ки дар замони муосир тамоми фаъолияти инсон то андозае бо компютерҳо алоқаманд буда, технологияҳои иттилоотӣ бошанд ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт (мудофиа, иқтисод, саноат, нақлиёт, маориф, фарҳанг, тиб ва ғайра) ворид шуданд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон зиёда 3,2 миллиард корбарони интернет вуҷуд доранд (шумораи умумии аҳолӣ дар кураи замин 7,2 миллиард нафарро ташкил медиҳад), ки зиёда аз 2 миллиард нафарашон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар миёнаи асри XXI захираҳои иттилоотӣ ба сарвати миллии табдил ёфта, самаранокии истифодаи онҳо қудрати иқтисодии ҳар як кишварро муайян карда, қаллобии интернетӣ, натанҳо ба амнияти милли ҳар як давлат, балки масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳолиро, низ таҳти хатари ҷиддӣ қарор медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи маълумоти Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (минбаъд ФҶИ), шахсоне, ки тавассути истифодаи ТИК дар фазои маҷозӣ (дар шакли «мустақим») ҷиноят содир менамоянд, яке аз панҷ хатари асосии ҷаҳонии таҳдидкунда ба амнияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар мавҷудият ва фаъолияти муваффақонаи тамоми бахшҳои иқтисодиёт чунин шахсон хатар эҷод менамоянд. Дар асоси гузориши ФҶИ танҳо дар соли 2019 талафоти иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҳамлаҳои киберӣ 2,5 триллион долларро ташкил дода, дар соли 2024 ин рақам ба 9 триллион доллар баробар гардид.
Интернет муддати тӯлонӣ ва ба таври устувор дар ҳаёти мо ҷойгир шудааст. Имруз он на танҳо заминаи ҷустуҷӯи иттилоот ва муошират, балки фазои мусоид барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун мебошад, ки онро метавон мушкилоти ҷаҳонии инсонӣ шумурд.
Дар робита ба ин, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаҳои бардурӯғ ва фиреби қаллобон зиёд ба мушоҳида расида, баъзе шаҳрвандон ба онҳо бовар карда, бо интиқоли маблағҳои калони пулӣ зарари моддӣ-иқтисодӣ дида истодаанд, ки ҳолати мазкур нигаронкунанда буда, хисороти ин навъи ҷиноятҳо ба иқтисодиёт аз рӯйи табиати худ хеле бузург аст. Масалан, якчанд ҳолати паҳн намудани эълонҳои бардурӯғ дар шабакаи интернет, ки ба онҳо шаҳрвандон бовар намудаанд ва ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар гардиш қарор доранд ин дастгирии молиявӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории ширактҳои қаллобии хориҷӣ, ифода мегардад, ки бо роҳи фиреб барои тасарруфи маблағҳои шаҳрвандон ташкил ва роҳандозӣ мегарданд. Ҳолати дигар ин мерос мондани маблағ аз хешовандони дур, пешниҳод намудани туҳфаҳо аз хориҷӣ кишвар дар намуди «баста (посилка)», албатта, самтҳо ва намудҳои қаллобӣ дар интернет зиёд шуда истодаанд ва вақте сару садоҳҳо оиди қаллобӣ дар интернет ва маблағҳои аздастрафта зиёд мешаванд, онҳо иловатан роҳҳои нави содир намудини ин кирдори ба ҷамъият хавфнокро ҷӯё шуда, барномаҳои навро таҳия менамоянд ва дар сомонаҳои интернетӣ ҷойгир менамоянд.
Яке аз усулҳои паҳншуда ин фиристодани мактубҳои дорои истинод ба вебсомона мебошад, ки ҳангоми пахш кардани тугмача истифодабарандагон барномаҳои зарароварро ба дастгоҳҳои рақамии худ зеркашӣ мекунанд ё онҳо ба вебсомонаи зараровар, ки барои дуздидани маълумоти истифодабаранда (фишинг), яъне ба даст овардани рамз, тарҳрезӣ шудааст, равона карда мешаванд. Сомонаи қалбакӣ, ки ба таври визуалӣ сомонаи бонкро вонамуд карда, айнияткунонии шахсияти исти-фодабарандаро бо усулҳои зерин мубталои фиреби худ месозад:
– спам – тарсонидан бо баъзе мушкилоте, ки аз истифодабаранда барои гирифтани иҷозати иҷрои амалиёти муайян (масалан, кушодани рамзи ҳисоб ва ғ.) тасдиқи муаллифиро тақозо менамояд. Дар мактуби ирсолшуда истинод ба сомонаи қалбакӣ мавҷуд аст, ки он дар назари оддӣ аз сомонаи ҳақиқӣ фарқ намекунад. Шакли содатари қаллобӣ, ин ба истифодабаранда фиристодани мактубҳо аз номи бонк ва ё кадом як провайдери хизматрасон бо дархост дар бораи мушаххас кардани рақами суратҳисоб, рамз – логин, дигар маълумоти шахсӣ ва фиристонидани ин маълумот мебошад;
– рекламаи молҳо ё хизматрасониҳое, ки метавонанд дар мағозаи онлайнӣ харидорӣ карда шаванд.
– фишинги суроғавӣ – ҳангоми содир кардани ин гуна қаллобӣ, ҷинояткорон, ки бо тартиботи дохилӣ ва вазифаҳои мансабии кормандони ширкат ошно ҳастанд, ба таври ҳадафмандона ба кормандон мактубҳои электронӣ мефиристанд, то онҳо фирефта шуда, иттилооти муайянро фош намоянд ва ё ба ҷинояткорон маблағҳои пулӣ фиристанд.
Усули дигари фишинг дар он ифода меёбад, ки киберҷинояткорон худро чун роҳбарони сатҳи баланди ширкат (ки ба ҳайати роҳбарияти аввал шомиланд, аз қабили – директори генералӣ), муҳосибон ва дигар шахсоне, ки мансабҳои роҳбарикунанда ва масъулро ишғол намудаанд, муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб кормандонро маҷбур месозанд, ки ба онҳо маблағ фиристанд. Ин усул бо номи «шикори наҳанг», ё худ уэйлинг (whaling — англ, «саноати сайди наҳанг») маълум аст, зеро он ба қаллобон имкон медиҳад, ки аз қурбониён маблағҳои бениҳоят калон ситонанд.
Дар маҷмуъ тарзи содир шудани қаллобии бо истифода аз интернет содиршавандаро дар алоҳидагӣ баррасӣ кардан мувофиқи мақсад аст, зеро тарзи содиршавии ин ҷиноят бо ду роҳ сурат мегиранд: 1) ирсоли мактубҳо бо роҳи фиреб ва 2) содиршавии онҳо тавассути интернет.
Ирсоли мактуби фишингӣ. Ин намуди қаллобӣ дар намудҳои гуногун содир мегирад, вале мақсад зоҳиран як боқӣ мемонад, яъне: бо роҳи фиреб водор намудани шахси дигар бо ифшо намудани маълумоти пинҳонии шахсӣ, хоҳ барои гирифтани фоидаи молу мулкӣ ё хоҳ барои содир кардани ҷинояти дигар, ба монанди дуздии онлайнии маълумоти шахсӣ мебошад. Бо бештар паҳн гардидани фишинг, ҳамлагарон усулҳои гуногунро барои ҷалби бештари шахс ба доми қаллобии худ истифода мебаранд.
Ирсоли мактуби фишингӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад:
Таҷассуми бонк (бардурӯғ баромад намудан аз номи бонк);
Қаллобӣ дар соҳаи дастгирии техникӣ;
Қаллобӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ ё кӯмаки тиббӣ;
Қаллобӣ бо эъломияҳои андозӣ;
Фишинги хайрия;
Фишинг бо чиптаҳо;
Фишинг бо кортҳои туҳфагардида;
Навъи смишинг (Smishing).
Дар ин маврид як нуқтаро бояд таъкид намуд, ки шахсияти мо дар шакли унсурҳои рақамӣ дар ин маврид ташаккул меёбанд ва онҳо набояд дастраси ҳамагон гарданд.
Содиршавии қаллобӣ тавассути интернет. Яке аз воситаҳои содир шудани ин ҷиноятҳо ин кортҳои пардохтӣ мебошад. Ҷиноятҳои содиршавандае, ки дорошавии беасосро ба миён меорад ин тасарруфи молу мулки ғайр тавассути кортҳои пардохти мебошад.
Кирдорҳои бо кортҳои пардохтӣ содиршаванда бо роҳҳои қалобӣ содир мешаванд. Яъне бисёртар метавонанд тавассути интернет ё дар нуқтаҳои савдо ва банкоматҳо содир гардад.
Ҳамин тавр, қаллобӣ дар интернет як навъи киберҷиноятҳо мебошад, ки ҳадаф аз он фиреб додани корбарон мебошад. Бо дарназардошти тамоюли кунунии афзояндаи компютеркунонии кишвар ва вобастагии бештари сайёра ва интернет, инчунин тадриҷан паҳн шудани киберҷиноятҳо дар минтақа ва ҷаҳон зарурати қабули қонуни махсус оид ба муқовимат ба киберҷиноятҳо ба миён омадааст.
Раҳимов Хуршед,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав
