Замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо мо омӯзгоронро водор месозад, ки ҳарчӣ зиёдтару қавитар ба омӯхтану аз бар намудани илмҳои гуногун кӯшиш намоем ва саҳмгузор дар таълиму тарбияи насли наврас бо Пешвои муаззами миллат худ бошем.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус баъди ба анҷом расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳое, ки дар кишварамон ба вуқъ пайваста буд бо роҳнамоиҳои пайвастаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ин ҳама мушкилиҳо паси ҳамдигар ҳалли худро ёфтанд, ки ин албатта мувафақияти кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми омӯзгор бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё омӯзгор ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.
Таърих гувоҳ аст, давлате, ки рӯ ба қишри омӯзгор ниҳодааст ва дар он сарзамин омӯзгорони бо нангу номус ва ифтихори миллӣ дошта бошанд ҳеҷгоҳ гурӯҳе ё афроде наметавонад аз қувваи зеҳнии онҳо истифода барад.
Дар воқеъ барои тарбияи насли наврас, баланд бардоштани руҳияи ҷавонон дар роҳи таълиму тарбия ва худшиносию худогоҳии миллӣ назди омӯзгор вазифаи пурмасъул меистад, ки самимияту масъулиятшиносӣ, садоқату ҷонфидоӣ ва кӯшиши дучандаро аз омӯзгорон талаб менамояд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» як иқдоми муҳиму созанда дар роҳи қадршиносӣ аз заҳматҳо ва дасгирии омӯзгорон мебошад. Мо омӯзгорон сипоси беандозаи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар ба воя расад.
Абдуллоев Ҷовидон,
муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърих ва ҳуқуқ
