-
Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”
Истиқлолият дар ҷабҳаҳои гуногуни Тоҷикистони тозабунёд дигаргуниҳои азимеро ба вуҷуд овард. Дар соҳаи таълиму тарбия низ дигаргуниҳо, фикру мулоҳизаҳо, муносибатҳои нави педагогӣ пайдо шуданд. Масъалаи омӯзгори имрӯза ва тайёр намудани он яке аз масъалаҳои имрӯзу ояндаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Раванди ҷаҳонишавии олами муосир дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақсад ва вазифаҳои нав ба навро гузошта истодааст. Рушди таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ муайян мегардад.
Мутахассисе, ки имрӯз дар донишгоҳ тайёр мешавад, бояд аз технологияҳои информатсионии муосир бохабар бошад, ќобилияти иртиботӣ дошта бошад, донишҳои гирифтаашро бо технологияҳои инноватсионӣ ба хонандагон интиќол дода тавонад, малакаҳои мустаќилона гирифтани дониш ва инкишофи доимии касбиро соҳиб бошад.
Омӯзгорони муваффақ хонандагону донишомӯзонро ба ҷаҳони нопайдоканори илму дониш роҳнамун мегардонанд, онҳоро ба фаъолияти муштараки эҷодӣ, кашфиётҳои тозаи илмӣ, шинохти назарияҳои илмию таҳқиқотӣ ва инкишофи қобилиятҳои пажуҳишӣ ҷалбу водор месозанд.
Омӯзгорӣ вазифаи муқаддас ва шарафнок аст. Барои тарбияи насли наврас омӯзгор бояд солимфикр, масъулиятшинос, ватандӯст, меҳнатдӯст, эҷодкор, бомеҳр, ҷӯянда ҳамеша дар омӯзиш инсони рушду камолёфта бошад. Ӯ пеш аз ҳама, инсоне, ки барояш ғановати маънавӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, рафтори шоиста, дӯст доштани зиндагӣ арзише доранд. Ӯ инсони озоду мустақил тавассути инкишофи қобилияти инфиродии хеш тамоми умр ҳамчун шахс ташаккул меёбад ва хусусияти ташаккулёбиро дар замири шогирдон тарбия менамояд.
Омӯзгор муҳандиси нахустини тамоми касбҳо аст. Сиришти наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмату фаъолияти омӯзгорон вобаста аст. Омӯзгорон баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия дар мамлакат ва боз ҳам обрӯманд гаштани ҷумҳуриамон дар арсаи байналхалқӣ пайваста заҳмат мекашанд, софдилона меҳнат мекунанд.
Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст.
Дар консепсияи мактаби миллии тоҷик мавқеи омӯзгор ба таври зерин омадааст. “Танҳо омӯзгоре бо бачаҳо ҳамкори намуда, онҳоро тарбия карда метавонад, ки агар худ ахлоқи воло дошта, маънан инсони комилу аз байни обу оташи маданияти миллӣ гузашта бошад, забон, таърих ва анъанаҳои неки гузаштаю имрӯзаи мардумро донад ва эътироф намояд”. Бузургон фармудаанд: “Дар дарун оташ набошад шӯъла кай берун занад”.
Омӯзгоре, ки маданияти баланд дорад, дастовардҳои миллатро на танҳо дар таълиму тарбияи шогирдон, балки дар байни оммаи халқ тарғибу талқин кунад.
Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки маҳз бо ғамхорӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул гардид.
Қабули ин қонун аз ҳар як омӯзгор масъулияти бештарро талаб мекунад. Он ҳар як омӯзгорро ба худбоварӣ, рушди касбӣ ва садоқат ба ватан даъват мекунад. Вақте , ки омӯзгор қадр мегирад, миллат рушд мекунад, илму маърифат гул мекунад. Дар қонун уҳдадориҳои омӯзгор низ муайян гардидаанд, то ки масъулияти касбии омӯзгорон боз ҳам қавитар шаванд. Чунки омӯзгор пояи устуворӣ давлатдорӣ ва пешбарандаи маърифат ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорон муроҷиат карда, қайд намуда буданд: ” Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд”.
Ҷомеа мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияи ҷавононро муайян мекунад ва вазифаи ҳалли онро ба дасти омӯзгор бо боварии комил месупорад. Ҷараёни азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ аз тарафи ҷавонон дар зери роҳбарии омӯзгор амалӣ мегардад.
Тавре, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд “Миллате ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Сипос ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззаму маорифпарвар ва гавҳаршиносамон. Хушбахт аз онам, ки ман омӯзгорам ва аз дилу ҷон ин касбро дӯст медорам. Бо касби омӯзгории худ ифтихор мекунам. Имрӯз омӯзгорон бо ифтихор мегуянд ”Ман омӯзгорам”. Чунки ифтихор аз илму олим бар ҳама зебанда аст.
Гулбаҳор БОБОЕВА,
дотсенти кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав
