Илму дониш, маърифат ва фарҳанг дар рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд, аз ин рӯ, ҷавонони китобдӯсту равшанзамир қутбнамоеянд, ки дар пешрафти давлату миллат саҳми босазо мегузоранд.
Фарзонаи Сафаралӣ яке аз чунин ҷавони маърифатдӯст аст, ки бо саъйю кӯшиши пайваста, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардид. Ӯ коргузори Раёсати илм ва иннватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, соли дуюм аст, ки дар ин озмуни бонуфуз иштирок мекунад.
Фарзона ҳангоми суҳбат ҳарфҳоро бо нармӣ ба забон меовард, гӯё намехост, ки эҳсосоти ботинияш ошкор гардад. Ором, андешаманд ва бо эҳтиром сухан мекард. Аз ҳар ҷумлааш маълум мешавад, ки китоб барои ӯ ҳамсафари зиндагист. Аз ангезаи иштирок дар озмун то машаққатҳои шабонарӯзиву муваффақ шуданаш нақл кард.
-Муваффақият танҳо натиҷаи ниҳоӣ нест, балки раванди худи талош ва кӯшиши пайваста барои беҳтар шудан аст. Ҳар як саъю талоши мо нишонаи ирода ва боварии мост, ки мо ба худ бовар дорем. Ман барои муваффақ шудан дар ин озмун шабу рӯз заҳмат мекашидам, баъзе шабҳо то субҳгоҳон хоб намерафтам, то мутолиаи асарҳоро ба поён расонам, -иброз дошт, Фарзона.
Суханрониаш пурмуҳтаво, таҳлилҳояш фарогир ва фаҳмишаш оид ба моҳияти адабиёт хеле амиқ аст. Маҳз ҳамин сатҳи баланди дарку таҳлил барояш имкон дод, ки дар миёни садҳо иштирокчии лаёқатманд бартарӣ ёбад. Барои пешниҳод ба озмун 109 ғазал, 125 рубоӣ ва дубайтӣ, 128 байт қасида, 200 байт достон, 101 байт дигар навъҳои шеърӣ ва 125 асари насрӣ азбар намудааст, ки натиҷаи заҳмати дусолааш, имрӯз самар овард.
Фарзонаи Сафаралӣ соли 2024 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм карда, аз моҳи сентябри соли 2025 ба ҳайси коргузори Раёсати илм ва инноватсия кору фаъолият менамояд. Ӯ бештар мутолиаи китобро дар ҷойи кор ва шабҳо дар хона мегузаронд. Ҳамзамон узви маҳфили “Фурӯғ” буда, дар вақтҳои холигӣ ба маркази “Мавлоношиносӣ” рафта, бо иштирокчиёни озмун маҳфил мегузаронд.
Фарзона зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки ғолибият дар озмун ва сазовори ҷой гардидан барои ҳар як нафар ҳиссиёти бениҳоят хуб аст. Вақте инсон баъд аз машақатҳои зиёди пурпечутоб ба як қулла ё ҳадафе мерасад, алббатта, ки ҳиссиёти нотакрор фарогираш мешавад ва инро шахси ғолибомода ва нафарони дар канораш буда, эҳсос мекунад.
-Озмун бароям қудрати бархостан, эҳсоси боварӣ ба худамро дод. Он ба ман зиндагиро аз нав омӯхт. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ман фаҳмонд, ки роҳи ҳақиқӣ роҳи рақобат бо дигарон нест, балки рақобат бо дирӯзи худ аст. Озмун ба ман ҷасорат дод, ҷасорати аз саҳна наҳаросидан, ифтихор дод, ифтихори фарзанди китоб будан, дӯстӣ дод, дӯстӣ бо ҷавононе, ки мисли ман орзуҳо доранд. Ман фаҳмидам, ки рақобати асосӣ рақобат бо худ аст, на бо дигарон, – бо ҳаяҷон изҳор медорад Фарзона.
Дар интиҳои суҳбат Фарзона миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки барои мо – ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро ташкил намуданд. Зикр дошт, ки чунин озмунҳо барои ҳазорҳо ҷавонони дигар мактаби бузурги зиндагӣ аст. Ифтихор мекунам, дар чунин даврае зиндагӣ мекунам, ки китоб ва дониш арзиши миллӣ ҳисобида мешаванд. Ҳамзамон миннатдории худро ба Раёсати донишгоҳ расониданд, ки бештар вақтҳо аз кор озод менамуданд, то хуб тайёрӣ дида тавонад.
Хайрулло Саъдуллоев, рӯзномаи “Фурӯғ”
