Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз бузургтарин шуарои ниёгони мост, ки бо эҷоди «Шоњнома»-и безаволаш дар тамаддуну фарҳанги ҷаҳонї маъруфияти беназир ёфтааст.
Тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфаи қимматбаҳо буда, он дар эҳёи фарҳангу тамаддун ва устувории давлати миллӣ нақши калидӣ дорад.
Роҷеъ ба масъалаи арзиши бузурги ин шоҳасари ҷаҳонӣ академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” чунин андешаҳо баён кардааст: “Шоҳнома” –и Фирдавсӣ аз ҷиҳати арзиши бадеии худ дар радифи барҷастатарин асарҳои хамосаи адабиёти ҷаҳон қарор гирифтааст”.
Ин шоири нотакрор бо таълифи асари беназири хеш дар миёни мардуми фарҳангсолори эронинажод ва дунё маҳбубият дорад.
Муҳтаво ва мундариҷаи ин хамосаи ҷаҳониро масъалаҳои меҳанпарстӣ, ватандӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ, хираду инсонгароӣ фарогир мебошад. Дарунмоя ва ҷавҳари ин шоҳкории бузургро масоили хулқу атвори нек, тарбияи афроди бедордил, иттиҳоду якпорчагӣ, адлу инсоф ташкил медиҳад.
Фирдавсӣ ифтихори миллати мутамаддини тоҷик буда, дар радифи машҳуртарин суханварони Шарқу Ғарб дохил гардидааст. Тазаккур дод, ки дар ин хамосаи қаҳрамонию паҳлавонӣ фикрҳои таълимию тарбиявӣ, андарзу насиҳатӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ хеле фаровон инъикос ёфтаанд. Суханвари беназир дар ҷараёни тасвири воқеаҳо ва муносибатҳои инсонӣ афкори пешқадаму пандомӯзро баҳри тарбияи ҷавонон баён намудааст ва асрҳо боз дар тарбияи ахлоқию инсонгароии наслҳои гуногун хизмати арзишмандеро анҷом медиҳад.
Ҳануз дар аввали садаи 19 шарқшиноси фаронсавӣ Жюл Мол доир ба таъсиргузории “Шоҳнома” бар осори дигар адибони Шарқ андешаҳои ҷолиб иброз доштааст. Ба қавли ў, «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Сомнома», «Ҷаҳонгирнома», «Фаромўрзнома», «Беҳрўзнома», «Баҳманнома» ва даҳҳо асари дигар ба мактаби Фирдавсӣ тааллуқ доранд. Ҳатто шарқшиносони машҳури асри 20 Е.Э.Бертелс ва И.С.Брагинский низ ин фикрро пуштибонӣ кардаанд. Ҳолиё низ аксарият донишмандону шарқшиносони ватанию бурунмарзӣ Ҳаким Фирдавсиро пешоҳангтарин хамосасарои дунё меҳисобанд ва ин асари безаволро сарчашмаи илҳоми бархе аз хамосасароён мепиндоранд.
Масъалаҳои ватандӯстию инсонгароии “Шоҳнома” ба афкори ахлоқии бисёр халқу миллатҳо таъсири амиқ гузоштааст. Алалхусус, таъсирпазирии он ба шоири гурҷӣ Шота Руставели ва асари ӯ «Пањлавони палангинапўш» бараъло эҳсос мешавад.
Масоили ватандӯстӣ, тарбиявиву ахлоқӣ ва панду ҳикмат дар замони имрӯз дорои аҳамияти бузург буда, наслҳои ояндасози миллатро дар руҳияи шуҷоату далерӣ, дӯст доштани кишвар ва ҳимояи марзу буми он роҳнамоӣ менамояд. Шоир ҷовонони ғаюру нотарс ва бонангу номӯсро даъват мекунад, ки барои ҳифозати ватан ва шаъну шарафи миллат ҷони хешро нисор намоянд:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Донишманди номӣ профессор Худоӣ Шарифзода роҷеъ ба масъалаи мавқеи панду андарз дар “Шоҳнома” чунин назари андеша дорад: “Абёти ҳикматомез, зарбулмасал ва гуфтор аз таҷрибаи рӯзгори паҳлавонон ва саросари зиндагии мардумон, шахсият ва гуфтору рафтори қаҳрамонон сарбасар ҳамагӣ намунаи панд аст, то кас бихонаду баҳра гирад. Гузашта аз ин, бунёди саросарии пандомӯз дар “Шоҳнома” андарзҳои зиёде ба забони шоҳон, паҳлавонон, ҳакимону донишмандону мӯбадон нақлу тасвир шудаанд…”.
Дар воқеъ “Шоҳнома” моломоли панду ҳикмат аст ва шоир бунёди тарбияи инсонро дар пайравии дину мазҳаб медонад. Суханвари бузург мардумро ба сӯйи омӯзиши илмҳои динию дунявӣ раҳнамоӣ менамояд. Нақши ашхоси хирадманду муътабарро дар тарбияи инсон хеле муҳим мешуморад. Танҳо илму дониш инсонро аз вартаи ноумедиҳо раҳоӣ мебахшад:
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорон бубояд-т ҷуст.
Мавзуи илм ва ҷойгоҳи донишомӯзӣ дар ин шоҳкории бузург нақши асосӣ дорад. Зеро ба андешаи шоир тани инсон ба ҷон зинда буда, аз ин ҷавҳари ҳастӣ дунёи маънавии афрод такомулу тавсия меёбад.
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” инсонҳои ҳушмандро ба он далолат мекунад, ки фарзандону ворисони хешро барои омӯзиши илму фарҳанг бештар ҳидоят намоянд. Кӯдаконро аз хурдсолӣ ба корҳои дуюмдараҷа, яъне аз меъёр зиёд ба бозӣ рағбат доштан маън созанд:
Ҳама гӯш доред панди маро,
Сухан гуфтани судманди маро.
Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан,
Чу фарзанд бошад ба фарҳанг дор,
Замона зи бозӣ бад-ӯ танг дор.
Шоир борҳо таъкид мекунад, ки илму дониш дили одамонро фараҳмандӣ бахшида, онҳоро аз хислатҳои ношоиста ва аъмоли бад ҳифз медорад. Аз ин ҷиҳат, ҷавононро ба омӯзиши илму дониш роҳнамоӣ карда, одамони кавдану бадахлоқро мавриди мазаммат қарор додааст. Ӯ дар он ақида аст, ки наслҳои ҷавон бештар ба илмомӯзӣ машғул шуда, панду насиҳати аҳли илму хирадро дар зиндагӣ дар ҷои аввал гузоранд:
Ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй,
Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй.
Фирдавсӣ дар тарбияи кӯдакону наврасон хулқу атвори пасти одамиро ба монанди бадӣ, чизпарастӣ, пурхӯрӣ, айбҷӯиву пургӯйӣ, тамаъкорию бахилӣ ва амсоли инҳоро ҳадафи танқид қарор додааст. Шоири тавоно дар ин номаи бузург дар масоили гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ андарзҳои ҷовидона баён доштааст. Аз ҷумла, ба мавзуи тандурустӣ дахл карда, саломативу сиҳатии одамиро ганҷи ноёби зиндагӣ мешуморад ва баҳри ҳифзи он дастурҳои судманд додааст. Ӯ менигорад, ки ҳифзи молу чиз ва аз меъёр зиёд тановул кардан инсонро хору залил мегардонад:
Бад-ў гуфт: “Ҳар кас, ки афзун х(в)арад,
Чу бар хон нишинад, хӯриш нашмарад.
Набошад фаровонхӯриш тандуруст,
Бузург он, ки ӯ тандурустӣ биҷуст».
Фирдавсӣ дар ҷои дигар ҷавонону наслҳои гуногунро ҳушдору насиҳат менамояд, ки аз аҳди шубобу наврасӣ дар паи илму донишомӯзӣ шаванд ва баҳри андӯхтани молу амвол одамони бегуноҳу ниёзмандро мавриди озору ранҷ қарор надиҳанд. Дар ин маврид шоир хеле хуб фармудааст:
Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Ба ранҷи касон ҳеҷ манмой ранҷ.
Дар афкору таълимоти ахлоқии шоир натанҳо васфу ситоиши одобу ахлоқи ҳамида тасвир ёфтааст, балки дар андешаҳои насиҳатиаш хулқу атвори ношоистаи одамиро низ мазаммат намудааст. Шоир дар ин порчаи шеърӣ рафтор ва гуфтори нолоиқи шахсони такаббуру худписандро мавриди мазаммат мегирад:
Ҳар он кас, ки ронад сухан бар газоф,
Бувад бар сари анҷуман марди лоф.
Ба гохе, ки танҳо шавад дар нуҳуфт,
Пушаймон шавад з-он суханҳо, ки гуфт.
Фирдавсӣ ҳамчун нобиғаи сухан дар “Шоҳнома” ба тарбияи шахсият ва инсонгароӣ диққати хосса медиҳад ва ба қадру қимати каломи гуҳарбор арҷгузорӣ кардааст. Дар мавқеи сухангӯйӣ меъёри андозаро нигоҳ доштааст. Зеро бадзабониву бадсуханӣ обрӯву нуфузи инсониро коҳиш медиҳад:
Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангӯй дар анҷуман хор гашт.
Воқеан, ин хаммосаи бузургро ба чашми хираду ибрат нигоҳ кунем, китобу номаи ниёгони мо аст ва аз қаъри асрҳо ба мо ривоят мекунад. Фирдавсӣ ин номаи ҷовидонаи миллатро баҳри инсонҳои меҳанпарасту хирадманд, худшиносу дилогоҳ ба ёдгор мондааст:
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пайафкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Лоиқ СОБИРЗОДА,
омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

