
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст!
Дӯст доштани Ватан мафҳуме нест, ки онро танҳо бо сарҳад, харита ё ҳуҷҷатҳои расмӣ муайян кардан мумкин нест. Ватан пеш аз ҳама эҳсос, худшиносӣ ва масъулияти маънавии инсон аст. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат андешаи «Дар ватан будаи бе ёди ватан беватан аст» ҳақиқати талх, вале бисёр воқеиро ифода мекунад. Ин ҷумла инсонро водор месозад, ки на ҷойи зист, балки муносибати худро бо ватан бозбинӣ намояд. Имрӯз дар ҷаҳони пуртағйир бисёре аз арзишҳо зери фишори равандҳои глобалӣ қарор доранд. Забон, фарҳанг, анъана ва хотираи таърихӣ тадриҷан ҷойи худро ба фарҳанги бегона медиҳанд.
Дар чунин шароит инсон метавонад ҷисман дар ватан бошад, аммо фикран ва рӯҳан аз он дур гардад. Фаромӯш кардани гузашта, бетафовутӣ нисбат ба имрӯзу фардои кишвар ва канорагирӣ аз масъулияти шаҳрвандӣ нишонаҳои равшани беватанӣ мебошанд. Ёди ватан аз худшиносӣ оғоз меёбад. Касе, ки таърихи миллаташро намедонад, арзишҳои миллиро эҳтиром намекунад ва ба забони модарӣ беэътиноӣ зоҳир менамояд, оҳиста – оҳиста робитаи маънавии худро бо ватан гум мекунад. Забон – сутуни асосии ҳастии миллат аст. Бо суст шудани мавқеи забон, эҳсоси ватандорӣ низ заиф мегардад.
Аз ин рӯ, пос доштани забони модарӣ яке аз шаклҳои муҳимтарини ёди ватан мебошад. Ватандӯстӣ танҳо эҳсос нест, балки амали бошуурона ва пайваста аст. Ин мафҳум дар меҳнати ҳалол, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар таҷассум меёбад. Ватан танҳо макони ҷуғрофӣ нест, балки муҳити ташаккули шахсият, забон, фарҳанг ва худшиносии инсон мебошад.
Аз ин рӯ, дӯст доштани ватан дар асл эҳтиром ба неъматҳое мебошад, ки инсонро ба камол расондаанд. Шахсе, ки ватанашро дӯст медорад, нисбат ба ҷомеа бетараф намемонад, манфиати умумро болотар аз манфиати шахсӣ мегузорад ва худро дар назди миллат масъул эҳсос мекунад.
Дар ҳамин замина, маънои ибораи «Ҳуббул-ватан минал-имон» («Дӯст доштани ватан аз имон аст») ҳамчун як қаидаи ахлоқӣ қобили қабул аст. Он инсонро ба масъулият, худшиносӣ ва садоқат ба ҷомеа даъват мекунад.
Ислом дине аст, ки ба ахлоқ, масъулият ва муносибати инсон бо ҷомеа аҳамияти калон медиҳад. Дар Қуръон ва суннати Паёмбари Ислом (с) арзишҳое чун адолат, амният, вафо, ҳифзи ҷомеа ва эҳтиром ба макони зист равшан таъкид шудаанд.
Тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои калидии ташаккули ҷомеаи солим ва давлати устувор ба шумор меравад. Бе шаҳрвандони дорои эҳсоси баланди муҳаббат ба ватан, масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ пешрафти пойдори кишвар ғайриимкон аст. Ватандӯстӣ бояд на танҳо ҳамчун шиор, балки ҳамчун арзиши зиндагӣ дар шуури шаҳрвандон ҷой гирад. Тарбияи ватандӯстӣ аз оила оғоз меёбад.
Маҳз дар муҳити оила кӯдак бо забони модарӣ, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ ошно мешавад. Вақте падару модар ба ватан эҳтиром мегузоранд, аз таърихи миллат бо ифтихор ёд мекунанд ва масъулиятшиносанд, ин муносибат ба фарзандон низ мегузарад. Оила бояд муҳаббат ба ватанро на бо маҷбуркунӣ, балки бо намунаи шахсӣ талқин намояд.
Мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷойи асосии ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрванд мебошанд. Дар раванди таълим бояд таърихи воқеии миллат, қаҳрамонони миллӣ, фарҳанг ва забони давлатӣ
бо усулҳои ҷолиб ва замонавӣ омӯзонда шаванд.
Фарҳанг ва адабиёт воситаҳои пуриқтидори таъсир ба шуури ҷомеа мебошанд. Асарҳои адабӣ, шеър, мусиқӣ, театр ва кино метавонанд муҳаббат ба ватанро дар дилҳо зинда намоянд. Ташвиқи осори классикон ва адибони муосир, ки арзишҳои миллӣ ва ватандӯстиро тарғиб мекунанд, дар ин самт нақши муҳим дорад.
Имрӯз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклгирии афкори ҷамъиятӣ таъсири бузург доранд. Барои тарбияи ватандӯстӣ зарур аст паҳн намудани маводи босифат дар бораи таърих ва дастовардҳои кишвар, муаррифии намунаҳои мусбати хизмат ба ватан, муқовимат ба иттилооти бардурӯғ ва ғояҳои бегона. Мундариҷаи ватандӯстона бояд бо забони фаҳмо ва шакли ҷолиб пешниҳод гардад, то махсусан барои ҷавонон қобили қабул бошад.
Ватандӯстӣ дар амал ташаккул меёбад, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҷамъиятӣ, ихтиёрӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ эҳсоси масъулиятро тақвият медиҳад. Вақте шахс дар ободии маҳалла, деҳа ё шаҳр саҳм мегузорад, робитаи ӯ бо ватан қавитар мегардад.
Тарбияи ватандӯстӣ танҳо бо сухан имконпазир нест. Адолати иҷтимоӣ, қонуният ва намунаи шахсии масъулон омили калидӣ мебошанд. Вақте шаҳрванд мебинад, ки қонун барои ҳама яксон амал мекунад ва манфиати умум ҳифз мешавад, эътимод ба давлат ва муҳаббат ба ватан афзоиш меёбад.
Нақши ҷавонон дар зинда нигоҳ доштани ёди ватан ниҳоят бузург аст. Ояндаи ҳар миллат аз сатҳи худшиносӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобаста мебошад. Агар ҷавонон арзишҳои миллиро нодида гиранд, танҳо ба манфиатҳои шахсӣ биандешанд ва худро аз ҷомеа ҷудо созанд, пайванди носолим мегарданд. Дар чунин ҳолат хатар на дар муҳоҷират, балки дар фаромӯшии решаҳои миллӣ зуҳур мекунад. Ҷавоне, ки ватани худро намешиносад, дар ҳеҷ ҷо худро комилан соҳибхона ҳис намекунад. Дар баробари ин, ёди ватан маънои онро надорад, ки инсон танҳо бо ифтихор аз гузашта қонеъ шавад.
Ватандӯстӣ бояд ба оянда нигаронида шавад. Ободии кишвар, рушди илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг натиҷаи меҳнати ватандӯстонаи шаҳрвандон аст.
Ҳар кас дар ҷои худ омӯзгор, табиб, деҳқон, муҳандис, корманди давлатӣ ё соҳибкор метавонад бо иҷрои софдилонаи вазифаи худ ба ватану миллат хизмат намояд. Маҳз ҳамин хизмат ёди зиндаи ватанро нигоҳ медорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ватандорӣ бо макони зист маҳдуд намешавад. Шахсоне ҳастанд, ки берун аз кишвар зиндагӣ карда, бо ҳифзи забон, фарҳанг, дастгирии ватани худ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи миллӣ намунаи воқеии ватандӯстӣ мебошанд. Дар айни ҳол, нафароне низ ҳастанд, ки дар дохили кишвар буда, аз дарду мушкилоти он канора меҷӯянд. Ин ҳолат собит месозад, ки ватан бештар ҳолати маънавист, на ҷойи ҷуғрофӣ.
Беватанӣ, пеш аз ҳама, бемории рӯҳист, ин ҳолат замоне ба вуҷуд меояд, ки инсон манфиати шахсиро болотар аз манфиати умум мегузорад, арзишҳои миллӣ барояш бегона мегарданд ва нисбат ба тақдири ҷомеа эҳсоси масъулият надорад. Чунин ҳолат метавонад барои рушди давлат ва пойдории миллат хатари ҷиддӣ эҷод намояд.
Дар ватан будан худ ба худ кафили ватандорӣ нест, ёди ватан бояд дар дил, андеша ва амал таҷассум ёбад. Агар ин ёд зинда бошад, инсон дар ҳар куҷое бошад, худро соҳиби ватан эҳсос мекунад. Аммо агар ёди ватан аз дил равад, ҳатто зодгоҳ низ ба ҷойи бегона табдил меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди бошуур бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ватанро бо дил нигоҳ медоранд, на танҳо бо будан дар он.
Тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ равандест доимӣ ва ҳамаҷониба, оила, маориф, фарҳанг, расонаҳо ва давлат бояд дар ин самт ҳамоҳанг амал намоянд. Ватандӯстӣ бояд аз эҳсос ба шуур ва аз шуур ба амал табдил ёбад. Танҳо дар ин сурат метавон шаҳрвандони фаъол, масъул ва содиқ ба ватанро тарбия намуд.
Ало, эй ҳамватан шукри замину ин замон фарз аст,
Ки ҷон додан барои марзу буми ин макон фарз аст.
Биё, эй ҳамватан таъмири ӯ бо хишти ҷон созем,
Барояш ошиқона ҷон супурдан як ҷаҳон фарз аст.
Мирзозода Аъзам,
номзади илмҳои иқтисодӣ, саромӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
