Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Маҳз бо шарофати ин иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Президенти кишвар зимни суханрониҳои худ масъалаҳои гуногуни аҳамияти глобалидошта, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, густариши бемориҳои сирояткунанда ва ғайраро баррасӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои раҳоӣ ёфтан аз проблемаҳои замони муосир ва ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.
Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии тоҷикони ҷаҳон гардид.
Дар асоси ин Қатънома 21 март ҳамчун «Рӯзи байнал-милалии ҳифзи пиряхҳо» ва соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид.
Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инсоният ва сайёраи мо воқеан, аҳамияти бузург дорад. Зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Тавре маълум аст, ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҳимояи давлату миллати тоҷик, балки барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми некашон аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша шинохта шуд.
Дар баробари ин, Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пешниҳодҳои зиёде вобаста ба эҳёи арзишҳои миллӣ кардаанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки “Иди Наврӯз”- ро ҷашн мегиранд, қатъномаеро қабул кард,
ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Баъдан, дигар арзишҳои фарҳангӣ, аз қабили таом ва либосҳои миллӣ, ёдгориҳои таърихии мо ба феҳристи ЮНЕС-КО ворид гардид, ки ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технология ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузург барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ 24 сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд ва аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз 25 июли 2025 қабул шуд. Махсусан дар шароити ҷаҳони пуртаҳаввул ва рӯзафзуни рақобатпазир, татбиқи барномаву алгоритмҳои дақиқу инноватсионӣ зарур аст. Маҳз зеҳни сунъӣ ҳамчун маҷмуи абзору имкониятҳои рақамӣ метавонад воситаи татбиқи лоиҳаҳо ва сиёсати устувори рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардад.
Маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон макони баргузории ҳамоишҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ қарор гирифтааст. Ин худ нишонаи истиқрори тадриҷии вазъ, эътироф ва эҳтироми сиёсати давлатдории роҳбарияти давлат мебошад.
Тавре маълум аст, Президенти кишвар барои ҳалли буҳрони сиёсии Афғонистон низ ҳамеша кӯшиш менамоянд. Хусусан, дар ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад”.
Хатарҳои вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшатангезию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои табииву техногенӣ ва мавқеъгириву таъсиррасонии на ҳама вақт мусбати абарқудратон барои Осиёи Марказӣ возеҳанд, зеро ин минтақа дорои сарватҳои бузурги ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва мавқеи геостратегию геополитикӣ мебошад.
Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ бошем. Зеро ҳар як ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост.
Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии кишвар, ҳамчунин ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори узви мустақил, фаъол, ташаббус-кор ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ме-бошад.
Ғолибшо МИРЗОЕВ,
номзади илмҳои таърих