
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ ҳамчун рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ арзи вуҷуд дошта, дар таҳкими сулҳу суботи кишвар нақши арзишманд дорад.
Артиши миллӣ пас аз соҳиб шудани Истиқлолият, рамзҳои давлатӣ дастоварди бузурги таърихии миллату давлат ба шумор меравад. Зеро бо ташкил шудани ин нерӯи пуриқтидори ҳарбӣ – сиёсӣ вазъияти кишвар орому осоишта гашта бенозимию бесуботӣ хотима ёфт. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати бунёдкорона ва ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҷузъу томҳои ҳарбӣ – гарнизонӣ ва шароити моддию техникии онҳо ба талаботи замон мувофиқ шудааст.
Бояд гуфт, ки Артиши миллӣ дар замони ниҳоят мураккабу сиёсии Ватани азизи мо ташкил карда шуд. Аммо сарфи назар аз тамоми мушкилоти мавҷуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таъминоти моддии ҷузъу томҳои нерӯҳҳои мусаллаҳи кишвар тамоми имкониятҳоро фароҳам оварданд. Имрӯзҳо ҷавонон озодона ва бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва самимияти беандоза ба хидмати модар-Ватан мераванд ва дар ҳифзи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ содиқона хизмат менамоянд. Ҷавонони бо нангу номус барои ҳифзи марзу буми кишвар ба муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳо камари ҳиммат баста, дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Имрӯз, Артиши миллӣ ба ҳайси як нерӯи бузурги сулҳхоҳ дар муқобили ҳама гуна таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣ сипари боэътимод шинохта шудааст. Яъне эътимод ба Артиши миллӣ ин на танҳо қудрати яроқу аслиҳаи ҷангӣ мебошад, балки неруи бузурги ҷавонони ватандӯсту ватандор аст. Ҷавонони давраи Истиқлол пайи иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ва ватандорӣ ба хидмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Онҳо дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар хидмати босазо доранд ва мувофиқи шароити вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон тарбия ва омода мешаванд.
Бешубҳа, Артиши миллӣ мактаби бузурги ҷавонмардист, ки ҷавононро дар рӯҳияи далерӣ, зиракӣ ва ватандӯстӣ тарбия менамояд. Чунончӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш доир ба тарбияи ҷавонон дар хизмати ҳарбӣ такид карданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».
Дар ҳақиқат, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини шароит дар ҷузъу томҳои мудофиавии кишвар баланд бардошта шудааст, ки ҷавонон содиқонаю сарбаландона ба сафи хидмати модар – Ватан роҳсипор мешаванд.
Имрӯз дар сафи Артиши милллӣ ҳазорон аскарону афсарони низомӣ, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ватандӯстӣ дар ҳифзу ҳимояи Ватани маҳбубамон хидматҳои бедареғ доранд. Хидматҳои шарафмандонаву далеронаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат боқӣ мондаву намунаи ибрати ҷавонони худшиносу худогоҳу мебошанд.
Артиши миллӣ ба сифати як сипари боэътимод ва созандаи кишвар дар пойдории сулҳу суботи комил ҳамеша саҳми босазо дорад.
Ҷавонони зодаи Истиқлолият баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ба сафи Артиши миллӣ дохил шуда, дар таҳкими сулҳу субот ва амну осоиши кишвар нақши муҳим мегузоранд.
Дар ҳақиқат, бо итминон гуфта метавонем, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як пойгоҳи тавонои ҳарбӣ – низомӣ табдил ёфтааст. Ҳазорон аскарону афсарон бо эҳсоси баланди ватандорию ватандӯстӣ дар ҳифзу ҳимояи Ватани маҳбубамон содиқонаву софдилона хидмат доранд.
Хуҷазода Умед Шароф,
номзади илмҳои педагогӣ, декани факлутети педагогика ва варзиш
