9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Аммо, бо дахолати душманони дохиливу хориҷии кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат ба вуқуъ пайваст, ки боиси ҳалокати ҳазорҳо одамони бегуноҳ ва коҳишёбии иқтисодиёт гардид. Дар ин давраи таърихӣ бенизомиву бетартибиҳо дар ҷомеа рӯз то рӯз шиддат гирифта, умеди мардумро ба оянда коҳиш дода буд.
Дар чунин марҳилаи муҳими ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллату давлати тоҷикон ба сари қудрат яке аз фарзандони фарзонаву сарсупурдаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Сарвари навинтихоби давлат барои хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талошҳои хастанопазир намуда, барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷомеа аз роҳу усулҳои мусолиҳаомез бо мақсад истифода намуданд. Тазаккур бояд дод, ки барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ саҳми кормандони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хеле назарра саст. Артиши миллии мамлакат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва мӯътадил нигоҳ доштани вазъи кишвар, пуштибонӣ аз сулҳу суббот, нобуд сохтани гурӯҳҳои ифротгароӣ аз рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пуштибонӣ аз марзи аҷдодии худ ва пос доштани истиқлолияти Ватани худ далериву фидокорӣ намудаанд.
Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андухт, дарси ҷангию муҳорибавиро омўхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Албатта бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳо ва сарбозони савганди ҳарбӣ қабул намуда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд.
Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-сол пур мешавад. Дар ин марҳилаи начандон дури таърихӣ бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Артиши миллӣ марҳила ба марҳила пурраву мукаммал гардида, шароити фаъолияту зисти афсарону сарбозони шуҷои Ватан беҳтар гардида истодааст. Бояд қайд намоем, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо кормандони ин ниҳоди қудратманди ҳарбӣ далериву мардонагии бимисл нишон дода, дар ҳифзи як порчагии сарзамини аҷдодиамон, пешгирӣ ва мубориза ба зидди ҳамагуна падидаву зуҳуроти номатлуб саҳми шоиста мегузоранд.
Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаст, ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”. Аз ин рӯ, тамоми сокинони кишвар, новобаста аз мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ, ба хусус ҷавононихуштолеъро лозим аст, ки баҳри таҳкими ваҳдату суботи сартосарӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ саъюу талоши бештар варзида, дар ин самт ҳиссагузор бошад.
Ҳамасола тибқи нақша даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила: тирамоҳӣ ва баҳорӣ ҷараён мегирад. Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки ҷавонони ватандӯсти кишвар ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайваст мешаванд ва қарзи шаҳрвандиву инсонии худро бо сарбаландӣ иҷро мекунанд. Ҷавонони саодатманди диёр дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан мактаби бузурги мардонагӣ буда, ба тақвияти донишу ҷаҳонбинӣ ва таҳкими эҳсоси худшиноси худогоҳии ҳар фард замина мегузорад.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади соҳиб касбу соҳиб ҳунар намудани ҷавонон дар қисмҳои низомии кишвар курсҳои омӯзишӣ таъсис ёфтааст, ки ин иқдом низ боиси дастгирӣ ва таваҷҷуҳ мебошад.
Сарбозону афсарон бо майлу хоҳиши зиёд дар ҷараёни адои хизмати Модар-Ватан ҳунарҳои гуногуни дар рӯзгор муҳимро аз худ менамоянд. Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудоифаи кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷавонон дар ташкилотҳои ҷамъияти мададгори мудофиа ҷалб гардида, идораи воситаҳои нақлиётро меомӯзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудаанд, ки: «Ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Ҷавонон ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ рушд мекунанд, ки ин барои ояндаи онҳо бисёр муҳиммебошад. Дар воқеъ, имрӯз ҷавонони саодатманди диёр дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҷавонмардиро бо сари баланд адо намуда, дар ҳимояи марзу бум ва мубориза бар ҳама гуна қонуншиканиҳо фаъолияти назаррас доранд.
Яке аз омилҳои таъсирасон ва муҳим барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни сиёсиву варзишӣ ва фарҳангию адабӣ мебошад.
Хушбахтона, солҳои охир чунин иқдомҳои нек ва муҳим дар сатҳҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ мегарданд, ки онҳо натиҷаи нек ба бороварда истодаанд. Ҷавон писарон дарк кардаанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шараф ва номус буда, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат бошад қарзи инсониву фарзандӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.
Аббос Ваҳобов,
омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
