Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон 23-юми феврали соли 1993 ҳамчун сана ва саҳифаи сарнавиштсоз, инчунин оғози эҳёи иқтидори мудофиавии кишвар сабт шудааст. Бунёди Артиши миллӣ дар шароити бағоят вазнини сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки мамлакатро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, танҳо бо иродаи қавӣ ва дурбинии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.
Дар шароити муосири геополитикӣ ва таҳаввулоти босуръати низоми ҷаҳонӣ, бунёди Артиши миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат на танҳо ҳамчун як иқдоми ҳарбӣ, балки ҳамчун як стратегияи фарогири амниятӣ арзёбӣ мегардад.
Сарвари давлат бо дарки амиқи таҳдидҳои муосир (терроризм, экстремизм ва ҷангҳои гибридӣ), тавонистанд низоми мудофиаи кишварро ба талаботи асри XXI мутобиқ созанд.Пешвои миллат тавонистанд идеалогияи низомиро аз қолабҳои кӯҳнаи идеологӣ раҳо карда, онро бо арзишҳои миллӣ ва таърихӣ тавъам созанд. Ин раванд боиси шаклгирии иммунитети маънавии сарбозон гардид, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ кафили суботи конститутсионӣ шуд.
Дар масири давлатсозӣ, Сарвари давлат Қувваҳои Мусаллаҳро ба як институти пуриқтидори иҷтимоисозӣ табдил доданд. Донишҷӯёни имрӯза, ки фардо сафи афсарони эҳтиётиро пур мекунанд, дар ин мактаб на танҳо тактикаи ҷангиро меомӯзанд, балки бо фаҳмиши давлатдории миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусаллаҳ мешаванд.
Ибтикори дигари бузурги Пешвои миллат дар он ҳувайдост, ки Артиши миллии мо хусусияти экспансионистӣ (таҷовузкорона) надошта, сирф ба докторинаи мудофиавӣ асос ёфтааст. Ин омил обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва дорои қудрати боздорандаи низомӣ дар минтақа дучанд гардонид.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қодиранд, ки ҳар гуна хатарҳои беруна, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро дафъ намоянд.
Дар фарҷом метавон гуфт,ки Артиши миллии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият ва маҳсули заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз ин нерӯи пуриқтидор на танҳо суботи дохилӣ, балки оромии тамоми минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад.
Мо — насли замони истиқлол, вазифадор ҳастем, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намуда, дар атрофи Пешвои худ муттаҳид бошем.
Муҳамадизода Фозил,
омузгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав
