
Артиши миллӣ яке аз рукнҳои бунёдӣ ва ҷудонопазири давлатдории ҳар як кишвари соҳибистиқлол мебошад. Давлате, ки соҳиби неруи мусаллаҳи миллӣ аст, метавонад истиқлолият, тамомияти арзӣ ва суботи ҷомеаи худро ҳифз намояд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол Артиши миллӣ на танҳо як сохтори ҳарбӣ, балки рамзи соҳибдавлатӣ, ифтихори миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан аст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар чунин шароити ҳассос амали сарнавиштсоз буд. Қарори Шурои Олӣ аз 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаи ҳуқуқии таъсиси Артиши миллиро фароҳам овард. 23 феврали соли 1993 бошад, ҳамчун рӯзи таъсисёбии расмии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҳарфҳои заррин дар таърихи навини тоҷикон сабт гардид.
Солҳои аввали Истиқлолият барои кишвар давраи озмоишҳои сангин буданд. Дар чунин шароит зарурати мавҷудияти неруҳои мусаллаҳи миллӣ бештар эҳсос мегардид. Артиши миллӣ вазифадор буд, ки сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро ҳифз намояд.
Бо талош ва роҳнамоии ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои устувори Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуданд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки Артиши миллӣ бояд неруи содиқ ба давлату миллат, ҳомии сулҳу субот ва мактаби тарбияи ҷавонони ватандӯст бошад.
Хизмат дар сафи Артиш барои ҳар ҷавон шараф ва масъулияти бузург аст. Ин мактаб ҷавонро ба шахси интизомнок, масъулиятшинос ва содиқ ба Ватан табдил медиҳад. Дар муҳити низомӣ эҳтиром ба Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун арзишҳои муқаддас ташаккул меёбад. Ҷавонон меомӯзанд, ки Ватан муқаддас аст ва ҳифзи он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди миллат мебошад.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, барои рушди ҳамаҷонибаи давлат шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин марҳила ислоҳоти соҳаи мудофиа вусъат ёфт. Қонунгузорӣ такмил дода шуда, сохторҳои фармондеҳӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир таҷдид гардиданд.
Сулҳу суботе, ки имрӯз дар кишвар ҳукмфармост, бо заҳмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ҳифз мешавад. Артиши миллӣ имрӯз ба як неруи муназзам ва касбӣ табдил ёфтааст, ки омода аст манфиатҳои миллиро ҳимоя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад. Терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз ҷумлаи чунин хатарҳо мебошанд. Артиши миллӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ барои пешгирӣ ва бартарафсозии ин таҳдидҳо фаъолона амал менамояд.
Ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ, махсусан дар самти ҷануб, вазифаи пурмасъулият ва шарафмандона аст. Сарбозону афсарон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ марзу буми кишварро муҳофизат намуда, амнияти ҷомеаро таъмин мекунанд.
Артиши миллӣ танҳо неруи мудофиавӣ нест. Дар ҳолатҳои фавқулода заминларза, сел, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ хизматчиёни ҳарбӣ дар сафи аввал қарор гирифта, ба мардум ёрии амалӣ мерасонанд. Ин нишонаи инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо ба халқу давлат мебошад.
Давлат барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Таъмини манзил, хизматрасонии тиббӣ ва дастгирии оилаҳои ҳарбиён мақоми иҷтимоии касби ҳарбиро баланд мебардорад. Зеро ҳомии Ватан бояд эҳсос намояд, ки давлат ғамхори ӯст.
Яке аз вазифаҳои муҳими Артиши миллӣ тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад. Ояндаи давлат аз насли ҷавон вобаста аст. Агар ҷавонон дорои худшиносии миллӣ, эҳсоси ифтихор аз таърих ва омодагӣ ба ҳифзи истиқлолият бошанд, пояҳои давлатдорӣ устувор мегарданд.
Артиш муҳити бародарӣ ва ягонагӣ мебошад. Дар он намояндагони тамоми минтақаҳо ва миллатҳои сокини кишвар паҳлу ба паҳлу хизмат намуда, ҳисси ваҳдати миллӣ ва дӯстии байни шаҳрвандонро тақвият медиҳанд. Ин омил барои таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият роҳи пуршарафи рушд ва такомулро тай кардааст. Имрӯз он кафили амният, сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва посдори истиқлолияти миллӣ хизмат хоҳанд кард.
Эҳтиром ба Артиши миллӣ эҳтиром ба давлат, ба марзу буми муқаддас ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Бигзор дар қалби ҳар як ҷавони тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан ҳамеша равшан бошад. Зеро танҳо бо ҳамин рӯҳия мо метавонем давлатдории миллии худро устувор нигоҳ дорем ва онро ба наслҳои оянда бо ифтихор ба мерос гузорем.
Ҷаборов Диловар,
мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ
