Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Аммо барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад.
Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар, таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад. Дар соҳаи омӯзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтааст.
Дар шароити муосири густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як миллату давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин масир ҷавонон, ки қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, нақши аз ҳама муҳимро дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷро мекунанд. Дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол низ ҷавонони боору номуси тоҷик нақши бузургу созанда доранд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсола ва вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару ободкунандаи Ватан дониста, халли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандию ватандӯстӣ, ҳомили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ ва соҳиби илму ҳунар ва касбу пешаҳои муфид шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва қонунҳои демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандию инсонии онҳоро кафолат медиҳанд.
Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромиллие вуҷуд доранд, ки дар сурати муборизаи беамону муташаккилона набурдан бар зидди онҳо метавонанд ҷавонон ин қувваи бузургро аз шоҳроҳи созандагию бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба ҳаракатҳо ва созмонҳои ғайрисуннатию ифротии динӣ бипайванданд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро на танҳо дар байни мусулмонон, балки дар байни насрониҳо ва пайравони динҳои дигари чаҳонӣ низ вуҷуд доранд ва рафтори онҳо аслан бо усулу ақоид ва ҷавҳари таълимоти ҳеҷ як дин ё мазҳаби суннатӣ мувофиқ нестанд. Баръакс, ҳамаи онҳо бо таълимотҳои бунёдии худ ихтилофи ҷиддӣ доранд ва танҳо барои татбиқи манфиату ғаразҳои сиёсию моддии худ аз шиорҳои динӣ истифода мебаранд.
Дар замони муосир зуҳуроти ифротгароии динӣ ҳамчун як падидаи хатарноки динию сиёсӣ хусусияти глобалӣ гирифта, ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамояд. Бинобар ҳамин, барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок ҳамоҳангӣ ва ҳамкории фаъолонаи кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бештар зарур шуморида мешавад.
Зимни ташхису муайян кардани омилҳои ифротгароии динӣ ва сабабҳои густариши он дар байни бархе аз ҷавонони тоҷик дар назар доштан лозим аст, ки зуҳуроти ифротгароӣ барои фарҳанги миллию динии сокинони кишварамон, ки аксаран пайрави мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ мебошанд, раванди тамоман бегона ва ноошно мебошад.
Моҳияти ғояи ифротгароии динӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳои миллию умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам сахт муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва ифротгароии динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, дар айни замон барои ҳар як кишвари миллии дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз тариқи ташаккули худшиносии миллӣ мушкилот эҷод менамояд.
Мубаллиғони асосии ифротгароии динӣ шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои сиёсие мебошанд, ки зери ниқоби ислом баромад мекунанд, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро заҳролуд ва мағзшӯӣ намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд. Бад-ин васила онҳо ҷавононро ба вартаи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона ҷалб менамоянд.
Ба ақидаи коршиносони масоили динӣ ва сиёсӣ ифротгароии динӣ вабои аср ва бемории сирояткунандаест, ки табобати он мисли табобати нашъамандӣ ниҳоят мушкил аст. Аз ин рӯ, илоҷи ин падидаи хатарнокро пеш аз ба вуқӯъ пайвастани он ҷустан ва онро пешгирӣ кардан зарур мебошад.
Аммо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои динӣ баъди мамнӯъ ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун шуданашон низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, то имрӯз бо ҳар роҳу василаҳои ғайриқонунӣ пинҳону ошкоро дар байни ҷавонони кишвар тарғибу ташвиқи ғояҳои ифотгароёнаи худро тавассути таъсиррасониҳои расонаиро идома дода истодаанд. Тавре аз васоити ахбор огаҳӣ дорем, дар ҳудуди баъзе аз кишварҳои ҷангзадаи мусулмонӣ ҷараёнҳои хатарноки динӣ озодона амал мекунанд ва онҳо бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд идеологияи экстремистии худро дар дигар кишварҳо паҳн кунанд ва ҷавонони ба доми фиреб афтодаро ба ҷиҳоди дурӯғин ва амалҳои террористӣ ҷалб намоянд.
Вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омӯзгорон ва мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки якҷоя фаъолият намуда, дар зеҳну шуури ҷавонон бартарияти соҳиби касбу ҳунар буданро талқин намоянд.
Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми шаҳрвандон бояд дар ин кор саҳм бигиранд.
Самаранокии мубориза бо падидаҳои хатарнок дар бисёр ҳолатҳо ба риояи талаботи қонунҳое, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ мекунад, вобаста аст. Насли ҷавонро бояд тарзе раҳнамоӣ кунем, ки ҳикмати ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неку дурахшони он меҳнат карданро эҳсос намоянд ва дар таҳкими сулҳу ваҳдат, тақвияти дастовардҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ мухлисона ширкат варзанд. Онҳоро зарур аст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азиз сина сипар созанд.
Ин дастури Пешвои миллат дар кору фаъолияти насли ҷавони ҷумҳурӣ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Б. Файзуллоев,
омӯзгори факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ
