Рӯзи Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин ва пуршарафтарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рӯз ҳамасола 23 – феврал бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ таҷлил мегардад. Рӯзи Артиши миллӣ рамзи қудрат, истиқлол, суботи сиёсӣ ва пойдории давлат мебошад. Таҷлили ин сана на танҳо гиромидошти Қувваҳои Мусаллаҳ, балки эҳтиром ба ҳар як афсару сарбозе аст, ки ҷони худро агар лозим бошад, барои ҳифзи марзу буми Ватан фидо месозад.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, барои Тоҷикистон зарурати таъсиси сохторҳои мустақили ҳарбӣ ба миён омад. Давлати ҷавон ба неруе ниёз дошт, ки амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва суботи дохилиро таъмин намояд. Дар солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Маҳз дар чунин шароити ҳассос таъсиси Артиши миллӣ иқдоми ҳаётан муҳим буд. 23 – феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва ҳамин рӯз ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ба таърих ворид шуд.
Ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ дар марҳилаҳои аввал кори осон набуд. Норасоии техникаи ҳарбӣ, кадрҳои ихтисосманд ва инфрасохтори зарурӣ мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекард. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавӣ ва сиёсати созанда, таҳкурсии артиши муосири миллӣ гузошта шуд. Бо дастгирии роҳбарияти давлат ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ тадриҷан такмил ёфта, ба сохтори муназзам ва пуриқтидор табдил ёфтанд. Имрӯз Артиши миллӣ дорои навъҳои гуногуни қӯшун, қисмҳои ҳарбӣ, воҳидҳои махсус ва сохторҳои муосири мудофиавӣ мебошад.
Артиши миллӣ пеш аз ҳама мактаби мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки сабақи зиндагӣ ба шумор меравад. Дар муҳити ҳарбӣ ҷавонон руҳияи интизом, масъулиятшиносӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ меомӯзанд. Артиш ҷавононро ба шахсиятҳои устувору қавиирода табдил медиҳад, ки дар ҷомеа нақши созанда мебозанд.
Нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти кишвар бисёр муҳим аст. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, мавҷудияти артиши тавоно ва омодабош аҳаммияти махсус дорад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи сарҳади давлатӣ, таъмини оромии дохилӣ ва муқовимат ба ҳама гуна таҳдидҳоро ба зимма доранд. Сарбозону афсарон шабонарӯзӣ дар шароити гуногуни иқлимӣ хизмати содиқона анҷом медиҳанд, то шаҳрвандон дар фазои сулҳу амният зиндагӣ намоянд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми Артиши миллӣ баланд гардидани сатҳи касбияти хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои ҳарбӣ мутахассисони баландихтисос омода карда мешаванд. Омӯзиши техника ва таҷҳизоти муосир, гузаронидани машқҳои ҳарбӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар мусоидат менамояд. Қувваҳои Мусаллаҳ дар заминаи таҷрибаи миллӣ ва талаботи замони муосир рушд карда истодаанд.
Рӯзи Артиши миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзи ифтихор аст. Дар ин рӯз чорабиниҳои тантанавӣ, ҷамъомадҳои идона, барномаҳои фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мегарданд. Сарбозону афсарони намунавӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ мешаванд. Ин ҳама нишонаи эҳтироми давлат ва ҷомеа ба хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Арҷгузорӣ ба заҳмату ҷасорати онҳо руҳияи ватандӯстиро дар ҷомеа тақвият мебахшад.
Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои асосиест, ки Артиши миллӣ онро тарғиб менамояд. Муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ пояҳои устувори ҷомеаи солимро ташкил медиҳанд. Артиш дар тарбияи ҷавонон нақши бузург дошта, онҳоро ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон имтиҳони ҷиддии ирода ва масъулият аст.
Артиши миллӣ инчунин дар ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ ба аҳолӣ кӯмак мерасонад. Дар лаҳзаҳои душвор сарбозону афсарон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, кумак ба аҳолии зарардида ва барқарорсозии инфрасохтор фаъолона иштирок мекунанд. Ин амалиётҳо нишон медиҳанд, ки Артиши миллӣ на танҳо неруи мудофиавӣ, балки такягоҳи боэътимоди мардум мебошад.
Бо гузашти солҳо нуфуз ва эътибори Артиши миллӣ дар ҷомеа афзоиш ёфтааст. Имрӯз хизмат дар артиш мояи ифтихори ҷавонон ва оилаҳои онҳо мебошад. Падару модарон бо сарбаландӣ фарзандони худро барои адои хизмати ҳарбӣ гусел мекунанд, зеро медонанд, ки ин марҳилаи муҳим дар ташаккули шахсияти онҳо мебошад. Артиш ҷавононро ба зиндагии мустақилона омода месозад ва дар онҳо ҳисси масъулиятро нисбат ба тақдири давлат тақвият медиҳад.
Ҳифзи сулҳу субот яке аз дастовардҳои бузурги давлати соҳибистиқлол аст. Дар ин раванд саҳми Артиши миллӣ хеле назаррас мебошад. Сарбозону афсарон бо эҳсоси баланди масъулият барои таъмини оромии ҷомеа талош менамоянд. Сулҳ неъмати бебаҳост ва маҳз нерӯи ҳарбии омодабош кафили пойдории он мебошад.
Рӯзи Артиши миллӣ моро водор месозад, ки қадри истиқлол ва озодиро бештар донем. Истиқлол бо заҳмату талошҳои зиёд ба даст омадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ин самт нақши калидӣ мебозад. Қудрати давлат аз неруи мудофиавии он сарчашма мегирад ва артиши тавоно яке аз нишонаҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол аст.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва рушди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Таъмини шароити мусоиди хизмат, беҳтар намудани базаи моддӣ-техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки Артиши миллӣ ҳамеша омодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бошад. Рӯзи Артиши миллӣ ҷашни ифтихор, садоқат ва ватандӯстӣ мебошад. Он рамзи қудрат ва пойдории давлат буда, ба ҳар яки мо масъулияти баландро нисбат ба сарнавишти Ватан ёдрас месозад. Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат, кафили амният ва оромии ҷомеа аст.
Эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва гиромидошти ин рӯз нишонаи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бо неруи матин ва иродаи қавӣ Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар минбаъд низ барои ҳифзи истиқлол, сулҳу субот ва пешрафти давлат хизмати содиқона анҷом хоҳанд дод.
Баҳриддин Умаров,
омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ
