
Дуруд! Боз ҳам дуруд, аз қалби пур аз меҳру сидқу вафо, аз сафои пурнакҳати фасли зебои баҳор. Фасли зебои табиати дилоро Баҳор омад. Баҳори нозанин бо бедоршавии табиати хуфта, сарсабзии гулу себарга, насими фораму фараҳангез, ҳарфу сухани муҳаббатрез, паёму калом ва пайғоми некфолу хушбол дар дилу дидаҳо боз мерасем ба баҳори нав. Баҳор айёмест,ки ҳама омад-омади онро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Баҳор бо худ зебоӣ, хуррамӣ, шукуфоӣ, фархундагӣ, хушҳолиро меоварад.
Шукрона мекунем,ки боз ба баҳори нав расидем ва аз сардию торикиҳо ба гармию равшаниҳо қадам ниҳодем. Ҳуҷаста бод аёми рустанҳову шукуфтанҳо. Баҳор ибтидо мегирад аз рӯзи Зан-Модар ва ин ҳикмати бузурги офаридану эҳёи зиндагист. Баҳору Зан ба ҳам тавъаманд. Зан раҳнамои зиндагӣ ва чароғи нурпоши хонадон аст, зан замину осмонро дар дасти худ нигоҳ дошта фариштаи олами замин, дилбартарини дилбарҳо, манбаи саховат, садри меҳру муҳаббат ва адолатпеша аст.Ҳамаи олимону орифон, шоирону нависандагон, пешвоёну шоҳон дар оғӯши гарми Модарон ба воя расидаанд.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Зан саҷдагоҳи бузурги муқаддас манбаи зебогӣ, сазовори навозишу парастиш, марҳами роз, ороми дил, сарчашмаи ишқу муҳаббат аст. Аз ин рӯ мо ҳама чизи қимматтарини дунёро ба як номи Зан- Модар баробар карда наметавонем. Модаре, ки сарчашмаи ҳаёт буда, ҳасти ва хушбахтии худро дар ҳастию табассуми фарзанд ва барори кору комёбиҳои ӯ мебинад. Бузургони олам дар ситоиши Модар волотарин суханҳоро гуфтаанд:
Гар шоирони олам як ҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад, андар санои модар!
Изатуллозода Холида,
дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ
