Бузургии зан модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиятгари фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Зиндагии ҳар як фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории зан – модар маъво мегирад. Муқадастар аз модар мавҷудоте нест. Дар симои зан натанҳо модар, хоҳар ва ҳамсар балки сиёсатмадори шинохта донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.
Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар хушахлоқ ва бо маърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Аз зани боиффату донишманд ва бонангу номус, фарзанди бонангу ватанпарвар ба дунё меояд. Фақат ин фарзандони солиму ватандӯст метавонад сармояҳои нуҳуфтаеро кашф намоянд, ки дар рушду нумуи ҷомеа кумак ва фоидаи башарият гардад.
Дар ҳақиқат,модар ё зан мавҷудест,ки вуҷудаш саршор аз муҳаббат, меҳр, каромат, шарофат ва латофат буда,барои ҳастии сайёра чун ҳомиву пушдибони он бори зиндагиро таҳаммул менамояд. Ӯ дорои сиришту сармояест, ки ҳар лаҳза инсониятро ба сӯи такомули ҳаёт ҳидоят менамояд ва чун фаришта боли пур меҳру нозашро барои башарият боз мекунад.
Зан арзишмандтарин ва қиматтарин неъмати дунёст,ки манбаи муҳаббати беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун маҳзани ганҷ барои башарият бахшида шудааст. Ҳар сол дар аввалҳои фасли баҳор, дар давраи аз нав зиндашавии табиат, дар даврае,ки гулу себарга аз замин сар мезанад ва дар арафаи соли нави аждодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, Занону-Модарон, иди худро бо дили шоду чеҳраи хандон истиқбол мегиранд, ки ин худ нафосату поксириштӣ, зебоии ва муҳабату садоқат нисбат ба зан-модар аст.
Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дасгиранду дилсӯзу бахшанда Оре, давлати фарзанд модар аст. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то моҳ баровардаанд. Ҳар фарзанде, ки қимати моддарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост. Аз ин рӯ,ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.
Нурализода Наргис,
муовини ректор оид ба тарбияи ДДБ
