Ватан мафҳуми муқаддасест, ки дар худ на танҳо ҳудуди ҷуғрофӣ, балки таърих, фарҳанг, забон, арзишҳо ва ормонҳои як миллатро таҷассум мекунад. Барои ҳар инсон Ватан нахуст аз домони модар, аз хонавода ва кӯчаи кӯдакӣ оғоз мегардад, аммо дар сатҳи иҷтимоӣ он ба шакли давлат, ҷомеа ва низоми сиёсиву фарҳангӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, муносибат ба Ватан танҳо эҳсосӣ нест он ҳамзамон шуури сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати маънавиро дар бар мегирад.
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Воқеан, Ватан аз модар сар мешавад, зеро меҳре, ки дар дили кӯчаки фарзанд ҷой мекунад қодир аст, ки дар тамоми умр ватандӯсту ватанпарвар будани ӯ сабаб шавад.
Ҳар як инсон Ватан дорад,ки онро то ҷон дар бадан дорад,дӯст медорад. Ҳамеша шахси ватандор дар талош аст, то ки як гӯшаи Ватанашро обод кунад ва саҳми андаки худро ҳам бошад барои ободонии диёраш гузорад.
Ватан барои инсон такягоҳи устувори худшиносӣ ва заминаи ташаккули ҷаҳонбинии солим мебошад. Миллате, ки ба арзишҳои миллии худ такя мекунад, метавонад дар фазои рақобатпазири ҷаҳонӣ мавқеи сазовор ишғол намояд.
Барои тоҷикон Ватан пеш аз ҳама бо номи Тоҷикистон ва таърихи куҳани давлатдорӣ пайванд дорад. Мероси тамаддунии аҷдодон, аз даврони Сомониён то замони истиқлолият, далели равшани қудрати фарҳангӣ ва маънавии миллат аст. Осори мутафаккироне чун Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишон медиҳанд, ки Ватан на танҳо сарзамин, балки муҳити парвариши нобиғаҳо ва андешаи созанда мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳар як суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки Ватани худро дӯст доред, обод кунед, зеро касе аз берун омада Ватани моро обод намекунад.
Воқеан, ҳама ободиву тинҷию амоние, ки дар Ватани мо аст аз кӯшишҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат аст, ки пайваста ғами мо – миллаташро мехӯрад ва дар фикри беҳтар кардани шароити мою ояндаи дурахшони насли оянда аст.
Дар ҳар як кори нек чизе сабаб мешавад. Дар дӯст доштани Ватан ва ҳисси ватандорӣ бошад тарбияи дурусти падару модар ва меҳру муҳаббати онҳо сабаб мешавад. Бузурге гуфтааст:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Аз байти боло бармеояд, ки ватандӯсту ватанпарвар будани инсон аз хурдсолӣ оғоз меёбад. Агар мо дар синнусоли хурдӣ кӯдакро дар рӯҳияи ватандорӣ тарбия кунед, яъне фаҳмонем, ки ҳар як одам бояд ҷои таваллуд шудаашро дӯст дорад, зеро он ҷо хонаи вай буда, ҷои муқаддас аст албатта, миллати мо пур аз фарзандони фарзона, шуҷою далер, бонангу номус ва тафаккури интиқодӣ шуда ба пешрафти устувори Ватан мусоидат намоянд.
Ҳамин тавр, Ватан мафҳуми фарогирест, ки дар худ ягонагии замин, таърих, фарҳанг ва масъулияти шаҳрвандиро муттаҳид месозад. Муҳаббат ба Ватан бояд аз сатҳи эҳсосот болотар рафта, ба амал, дониш ва мавқеи фаъол табдил ёбад. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон ба ҳам наздик шудааст, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва ҳамзамон ҳамқадам будан бо тамаддуни ҷаҳонӣ вазифаи муҳими ҳар фарди худогоҳ мебошад.
Озодамои Неъматулло,
магистранти курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти томактабии ДДБ
