Имрӯз дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, аз намоиши дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилалӣ буд дидан намуданд.
Дар саҳни донишгоҳ таомҳои милллии Наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
Нухуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд. Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.
Дар идомаи суханронӣ иброз доштанд, ки ҷашни Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Ҳамчунин, омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадиашонро дар соли сипаришуда сарбаландона ҳимоя намудаанд бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардаданд. Дар ин радиф ба омӯзгорону кормандон бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинии Наврӯзӣ барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаши иштирокчиён карда шуд.

