Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқисодӣ бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони «Наврӯз – ҷашни бостонӣ ва покию садоқат» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ қайд карда шуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони форсизабон ба шумор рафта, таърихи ҳазорсола дорад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози баҳор, покии дилҳо, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Иштирокчиёни мизи мудаввар зимни баромадҳои худ оид ба таърихи пайдоиш ва аҳамияти фарҳангии Наврӯз суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки ҷашни ҳамгироии фарҳангҳо ва дӯстии халқҳо мебошад.
Махсусан зикр гардид, ки Наврӯз имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудааст.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён оид ба расму ойинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла поксозии хона, оростани дастархони идона, эҳтироми калонсолон, шинонидани ниҳол ва анҷом додани корҳои ободонӣ андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин суннатҳо рамзи покӣ, некию накӯкорӣ ва садоқат ба анъанаҳои миллӣ мебошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии Наврӯз барои таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти муҳим дорад.

