Ҷашни Наврӯз аз куҳантарин ва пурмаънотарин ойинҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёинажод ба шумор меравад. Он ҷашни омадани баҳор, рамзи бедории табиат, эҳёи зиндагӣ, навшавии андеша ва тозагии рӯҳу равон мебошад. Наврӯз дар масири таърих ҳамчун ойини зиндагисоз, инсонпарвар ва ваҳдатофар нигоҳ дошта шуда, то ба имрӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш расидааст. Барои мардуми тоҷик Наврӯз оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг ва асолати худро мебинад.
Маҳз ҳамин ҷиҳати амиқи маънавию фарҳангӣ аст, ки Наврӯзро ба яке аз муҳимтарин василаҳои таҳкими худшиносии миллӣ табдил медиҳад. Миллате, ки ба гузашта, ойин, арзишҳо ва мероси маънавии худ арҷ мегузорад, метавонад дар роҳи оянда низ устувор ва сарбаланд қадам гузорад. Наврӯз барои тоҷикон ҳамин гуна муқаддасотест, ки риштаҳои пайванди наслҳоро қавӣ нигоҳ медорад ва инсонро ба хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба гузашта раҳнамун месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳаммияти бузурги Наврӯз борҳо таъкид намудаанд. Чунончӣ, иброз доштаанд: “Ҷашни Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст”. Воқеан ҳам, Наврӯз дар баробари ҷанбаи идона доштанаш, мактаби бузурги тарбия, ахлоқ, зебоипарастӣ ва маърифат аст.
Таърихи Наврӯз аз умқи асрҳо сарчашма мегирад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла, дар осори Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигар донишмандону адибон, Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози зиндагии нав, баробарии шабу рӯз ва эҳёи табиат тавсиф шудааст. Ривоятҳои зиёд пайдоиши онро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ ҳамин маънӣ бо шукӯҳи хос ба қалам омадааст:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Дар ин байтҳо на танҳо зикри пайдоиши номи Наврӯз, балки муносибати рамзии мардум ба рӯзи нав, рӯшноӣ, шодмонӣ ва оғози зиндагии тоза таҷассум ёфтааст. Яъне Наврӯз аз ибтидо ҷашни муҳиме аст, ки инсонро ба нур, умед, созандагӣ ва некию накукорӣ даъват мекард.
Аз диди маънавӣ Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни покӣ аст. Дар арафаи он мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либоси нав мепӯшанд, дастархони идона меороянд, кинаҳоро аз дил дур месозанд, ба аёдати ҳамдигар мераванд ва бо чеҳраи кушода соли навро истиқбол мегиранд. Ин ҳама танҳо амалҳои зоҳирӣ нестанд. Дар заминаи онҳо як ҷаҳон фалсафа нуҳуфтааст, аз ҷумла инсон бояд ҳам муҳити зисти худро тоза гардонад ва ҳам ботини худро. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯз ҷашни оштӣ, бахшоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат низ ҳаст.
Дар ҷомеаи имрӯза, ки масъалаҳои худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии насли наврас аҳаммияти бештар пайдо кардааст, Наврӯз метавонад нақши ниҳоят муҳим бозад. Худшиносии миллӣ танҳо донистани номи миллат ё забон нест, балки дарки амиқи таърих, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Вақте кӯдак ё наврас бо маънии воқеии Наврӯз ошно мешавад, ӯ танҳо як ҷашнро намешиносад, балки бо як бахши муҳимми ҳастии миллати худ рӯ ба рӯ мегардад.
Наврӯз дар ин раванд ҳамчун мактаби зиндаи тарбия хизмат мекунад. Дар рӯзҳои ид хонандагон либоси миллӣ ба бар мекунанд, шеър мехонанд, суруд месароянд, дар бораи расму ойинҳои миллӣ маълумот меёбанд, бозиҳои халқиро тамошо мекунанд ва дарк менамоянд, ки онҳо ворисони фарҳанги куҳанбунёду пурғановати аҷдодӣ мебошанд. Ҳамин эҳсоси пайвастагӣ бо гузашта дар қалби кӯдак тухми ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва меҳри Ватанро мепарварад.
Наврӯз на танҳо бо худшиносии миллӣ, балки бо ваҳдати мардум низ иртиботи мустақим дорад. Аз қадим ин ҷашн ҳамаи табақаҳои ҷомеаро ба ҳам меовард. Аз қасрҳои шоҳон то хонаҳои деҳқонон Наврӯзро бо як рӯҳия таҷлил мекарданд. Имрӯз низ ҳамин рисолати муттаҳидсозандаашро гум накардааст. Наврӯз инсонҳоро сари як дастархон менишонад, муносибатҳоро гарм мекунад, қалбҳоро ба ҳам наздик месозад ва ба ҷомеа паёми дӯстиву самимият мерасонад. Беҳуда нест, ки онро ҷашни сулҳу ваҳдат низ меноманд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам басо хуб ифода кардаанд, ки: “Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро ба сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад”.
Имрӯз, вақте Наврӯзро дар саросари ҷаҳон таҷлил мекунанд, масъулияти мо, омӯзгорон, зиёиён, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа боз ҳам бештар мегардад. Зеро ҷаҳонӣ шудани Наврӯз набояд боиси гум шудани моҳияти миллӣ ва маънавии он шавад. Баръакс, мо бояд ба насли наврас фаҳмонем, ки Наврӯз аз куҷо сарчашма мегирад, чӣ паём дорад ва барои миллати тоҷик чӣ ҷойгоҳеро соҳиб аст. Агар ин ҷиҳатҳо ба таври дуруст омӯзонда шаванд, Наврӯз ба василаи пурқуввати тарбияи шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст табдил меёбад.
Махсусан барои омӯзгорон Наврӯз имконияти хуби тарбиявӣ фароҳам меорад. Дар доираи дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои муассисавӣ метавон на танҳо расму ойинҳои идонаро нишон дод, балки фалсафаи онро ба хонандагон фаҳмонд. Масалан, поксозии хона ва ҳавлӣ метавонад ҳамчун дарси покизагӣ ва масъулият шарҳ дода шавад, суманак ҳамчун рамзи баракату заҳмати ҳалол, аёдати калонсолон ҳамчун эҳтиром ба бузургон ва дастархони наврӯзӣ ҳамчун нишонаи ваҳдат, меҳмондорӣ ва фаровонӣ мебошад.
Аз ҷониби дигар, Наврӯз бо фарҳанги меҳнат низ пайванди ногусастанӣ дорад. Он оғози киштукор, бедории табиат ва умеди деҳқон аст. Бинобар ин, ҷашни Наврӯз мардумро ба заҳмат, созандагӣ ва бунёдкорӣ ташвиқ мекунад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: “Ин иди мубораки бостониро чун ойини ниёгон бояд ба таври сазовор ҷашн гирем. Зеро бо таҷлили он дар шуури насли наврас ҳисси ватанпарастӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмию созандагӣ ҷой мегирад”.
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ гоҳе ба заъиф шудани ҳувиятҳои миллӣ ва нестшавии фарҳангҳо меоранд, ниёз ба чунин ойинҳои ҳифзкунандаи асолат бештар эҳсос мешавад. Наврӯз метавонад ҷавононро аз бегонапарастӣ, фаромӯшии таърих ва коста шудани ифтихори миллӣ эмин дорад. Миллате, ки ба ойину фарҳанги худ такя дорад, дар рӯ ба рӯи ҳар гуна таҳдидҳои маънавӣ устувортар меистад.
Бешак, Наврӯз ҷашни бедории табиат, тозагии зоҳиру ботин, эҳёи суннатҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати мардум аст. Он ҷашнест, ки дар вуҷуди худ беҳтарин арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро ҳифз кардааст. Наврӯз гузашта, имрӯз ва ояндаи моро ба ҳам мепайвандад. Он ба мо меомӯзад, ки барои нав шудан бояд аз асл ҷудо нашавем, барои ба оянда расидан аз гузашта сабақ гирем ва барои устувор сохтани давлатдорӣ бояд худшиносии миллиро таҳким бахшем. Таҷлили Наврӯз лаҳзаи андеша дар бораи ҳастии миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ ва масъулияти шаҳрвандии мо мебошад. Агар мо тавонем ин паёми амиқи Наврӯзро ба насли ҷавон дуруст бирасонем, он гоҳ ин ҷашни куҳан барои ҷомеаи имрӯзии мо низ рисолати бузурги тарбиявию маънавии худро идома хоҳад дод. Наврӯз на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки воситаи муҳими тарбиявию фарҳангӣ мебошад, ки худшиносии миллӣ, эҳтиром ба мероси гузашта ва масъулият нисбат ба ояндаи миллатро тақвият медиҳад.
Давлатбекзода Вайсиддин – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети педагогика ва варзиш
